ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Маҳсули заҳмати эҷодии кормандони «Тоҷикфилм» — филми ҳунарии «Дӯғоб» дар кинофестивалҳои байналмилалӣ сазовори ҷоиза ва диплом гардид
ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли равон баҳри таҳкими ҳамкорӣ миёни киностудияҳои мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Гурҷистон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус «Созишномаи ҳамкорӣ» дар соҳаи кинематография миёни филмофарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон ва Беларус ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, маҳсули заҳмати эҷодии кормандони «Тоҷикфилм»-филми ҳунарии «Дӯғоб» аз рӯйи асари нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон дар кинофестивали «Само»-и Шветсия сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми кӯтоҳ» ва дар Фестивали 9-уми «Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ» лоиқи диплом гардид.
Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо сафоратҳои Россия, Германия, Франсия, ИМА ва Туркия оид ба баргузор намудани рӯзҳои кинои ин давлатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расида, ҳафтаи филмҳои франсавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор карда шуд. Охири моҳи октябр фестивали мазкур дар толори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои сокинони шаҳри Душанбе барпо гардид.
Инчунин дар доираи ҳафтаи филмҳои Полша бо номи «Висла-7» ва филмҳои руминӣ дар толори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филмҳои истеҳсоли кинематографистони ин мамлакатҳо ба оммаи васеи тамошобинон намоиш дода шуданд.
Хотирнишон бояд кард, ки имсол 90-солагии кинои тоҷик бо шукӯҳ таҷлил гардида, дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи кинематографистон дар арафаи ҷашни мазкур Фестивали байналмилалии филмҳои мустанади «Дидор» доир карда шуд.
Ҳамчунин дар доираи ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия «Ҳафтаи кинои Россия дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Баҳри баргузории Фестивали филмҳои тоҷикӣ дар ҳамкориву шарикӣ бо сафорати Франсия дар Тоҷикистон ва маркази фарҳангии «Бохтар» бо таъсиси ҷоизаи «Лолаи тиллоӣ» Ёддошти тафоҳум ба тасвиб расид, ки аз 25 ноябр то 1 декабри соли равон дар сатҳи баланд доир гардид. Ду филми кӯтоҳи офаридаи аҳли эҷоди Муассиса «Дуғоб» ва «Аз баландии парвоз» дар ин фестивал соҳиби ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» гардиданд.
Аммо дар баробари ҳамаи дастовардҳо дар соҳаи филмофарӣ камбудиҳо низ ба назар мерасанд.
Тавре директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Носир Раҳмон иброз намуд, мушкилоти асосии соҳаи кинематографияи тоҷикро имрӯз мавҷуд набудан ва ё дар ҳолати садамавӣ қарор доштани толорҳои кинонамоишдиҳӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд. Бо мақсади таъмиру тармим ва аз нав барқароркунии кинотеатрҳо роҳбарияти муассиса аз аввали соли равон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, баҳри давра ба давра амалӣ намудани он тадбирҳо меандешад. Баҳри татбиқи иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба барқарорсозӣ ва таъмиру тармими кинотеатрҳо роҳбарияти муассиса бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо робитаю ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»








Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард






