ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Мусаввараи «Дунёи маликаи абрешимӣ»-и Зокир Собир дар Озмуни байналмилалии рассомӣ дар Амрико соҳиби ҷои аввал ва медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Озмуни байналмилалии рассомӣ таҳти унвони «Рассом ва Офарандагӣ», ки 27 декабри соли 2019 дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ҷамъбаст гардид, рассоми тоҷик, асосгузори ду равияи фарҳангӣ-меъмории «Нурворизм» ва «Танворизм» Зокир Собир ғолиби ҷойи аввал ва сазовори медали тиллои ин озмуни байналмилалӣ гардид.
Тавре рассоми тоҷик Зокир Собир ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими Абдуқаҳҳор хабар дод, довталабон мусаввараҳои худро аз гӯшаву канори сайёра барои иштирок ба ин озмун ирсол намуданд. Озмун дар се марҳила баргузор шуда, даври ниҳоии он 27 декабр ҷамъбаст карда шуд. Аз миёни шумораи зиёди иштирокчиён рассоми мумтозу закинигори тоҷик Зокир Собир бо мусаввараи худ – “Дунёи маликаи абрешимӣ” соҳиби мақоми аввал ва медали тиллоӣ гардид.
Мусаввараи “Дунёи маликаи абрешимӣ” дар асоси равияи ҷадиди “Танворизм” эҷод шуда, дар санъати нигорандагию рассомии ҷаҳон бо тобишҳои эҷодӣ ва офарандагии хос ҳамчун дастоварди ҳунарӣ шинохта мешавад.
Ба иттилои манбаъ, равияҳои ихтироънамудаи наққоши шинохтаи тоҷик Зокир Собир дар таърихи рассомии ҷаҳон равияҳои нав маҳсуб шуда, танзимгари воқеии нур ва шаклдиҳандаи асосии матоъ мебошанд. Натиҷаи аслии он эҳёи чеҳраҳо ва образҳои воқеию тахайюлии муаллифро бозгӯ менамояд. Зеро ба шинохти муаллиф, ҷаҳон аз нур иборат буда, ҳар ҷисми мавҷуд аз танзими нур шакл мегирад. «Агар мантиқан ба масъала таваҷчуҳ шавад, ин ду равия дар санъати рассомии тоҷик дастоварди бузург маҳсуб шуда, махсусан дар замони истиқлолияти давлатӣ чун падидаи мондагори санъати тасвирии тоҷикон арзиш доранд. Чунки бори аввал дар таърихи рассомии Тоҷикистон ва ҷаҳон ин ду равия ҳамчун сабки нави рассомӣ шинохта мешаванд.
Бояд гуфт, ки рассоми тоҷик Зокир Собир миёни рассомони ҷаҳон чун муаллифи ду равияи нави рассомӣ- “Нурворизм” ва “Танворизм” шинохта шуда, соли 2015 сазовори шоҳҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» дар Амрико ва соли 2016 академики фахрии Академияи рассомии Федератсияи Россия гардида буд. Муваффақияти рассоми тоҷик Зокир Собир дар Озмуни байналмилалии “Рассом ва Офарандагӣ” –и Амрико дастоварди навбатии ин мусаввир дар охири соли 2019 мебошад.
Наққоши тоҷик Зокир Собир ҳадаф аз эҷоди ду равияи нав — «Нурворизм» ва «Танворизм»- ро хизмат ба фарҳанги рассомии миллӣ ва навгонӣ дар равияҳои наққошии ҷаҳон медонад, ки аз соли 2006 муаррифӣ гардида, дар озмунҳои байналмилалӣ чун равияҳои нави эҷодӣ иштирок менамоянд ва дар Тоҷикистон, Россия ва Украина пайравони эҷодии худро пайдо намудаанд.
НУРВОРИЗМ аз калимаҳои тоҷикию лотинӣ (нур-вор-изм, гароиш ба чизе шабеҳи нур, дорои нур, такрори нур ва он чи аз нур таркиб меёбад) гирифта шуда, нигоҳи хос ба воқеият мебошад.
Нурворизм — равияи танзимкунандаи физикии нур мебошад, ки ба фазо омезиш хӯрда, нахуст дар мафкура тавлид мегардад ва пасон дар дохили образ ва дар шакли асар мезияд. Он метавонад бо ҳар сабки мавҷудаи ҳунар мувофиқат кунад. Нурворизм дар мусаввараҳои монументалӣ, ороиши театрӣ ва либос ба кор бурда шуда, татбиқи худро дар санъати меъморӣ интизор аст.
ТАНВОРИЗМ аз калимаҳои тоҷикию лотинӣ (тан-вор-изм, гароиш ба он чӣ дар шакли номуайянӣ қарор дорад, монанди матоъ ё ҷомавор) гирифта шуда, моҳияти табиат, анвои андеша, идея ба шаклу намои мухталиф дорад, ки мо ҳамарӯза онро дар шакли либос, парда, рӯйҷо мебинем.
Танворизм ҳастии дунёро ҳатто дар он ҷузъҳое, ки ба чашми инсон нонамоёнанд, боз мекунад. Инъикоси дунёи ботинии инсон ва ашёро, ки дар матоъ нуҳуфтааст, бо андак танзим ҳувайдо ва муаррифӣ мекунад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»











«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид






