ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Портали савдои Тоҷикистон ҳамчун намунаи беҳтарин миёни давлатҳои минтақа пазируфта шуд
ДУШАНБЕ, 31.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд аз натиҷаи арзёбии соҳаҳои савдо ва сармоягузории давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар соли 2019 нашрияи худро ба чоп расонид, ки дар он Портали савдои Тоҷикистон ҳамчун намунаи беҳтарин ва дастоварди муҳим миёни давлатҳои минтақа пазируфта шуд.
Дар нашрия ба Портали савдои Тоҷикистон ҳамчун платформаи намунавӣ барои кам кардани вақт ва хароҷот ҳангоми содирот, воридот ва транзит, инчунин сода ва шаффоф гардонидани чораҳои ғайритарифӣ дар савдо баҳои баланд дода шудааст.
Коршиносони созмонҳои мазкур иштироки бахши хусусӣ ва ҷойгир намудани пешниҳоди онҳоро дар Портали савдои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, барои расидан ба рушди босуботи иқтисодӣ ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусиро яке аз самтҳои асосӣ ҳисоб менамоянд.
Дар айни замон дар Портал маълумот оид ба расмиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитии 51 гурӯҳи номгӯи молӣ, баробар ба зиёда аз 1500 молу маҳсулот, аз ҷумла расмиёти содиротии 19 номгӯй маҳсулот, расмиёти воридотии 30 номгӯй маҳсулот ва расмиёти транзитии 2 номгӯй маҳсулот ҷойгир карда шудааст.
Инчунин дар Портали савдои Тоҷикистон маълумоти оморӣ оид ба имкониятҳои содиротии мамлакат, давлатҳои ҳамшарики тиҷоратӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти савдои хориҷӣ дарҷ гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Портали савдои Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат, инчунин иҷрои уҳдадории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Ҷаҳонии Савдо, хусусан моддаи 1.2 Созишномаи Созмони мазкур оид ба содагардонии расмиёти савдо, тақвияти иқтидори содирот ва содагардонии расмиёти савдо расман 26 апрели соли 2019 мавриди амал қарор гирифт.
Портали савдои Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва бо кумаки шарикони рушд — Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария, БР СММ ва САҲА таҳия гардидааст. Он ба соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ имкони гирифтани маълумот оид ба ҳуҷҷатгузории содирот ва воридоти молро дода, инчунин ба онҳо дар мавриди сарфаи вақт ва хароҷот сабукӣ меорад.








Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
Лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид
ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАД? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор гектар шолӣ кишт карда шудааст
Хатсайри қатораи Душанбе – Москва — Душанбе пас аз 6 сол барқарор гардид
Дар Панҷакент корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳидорӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии зиддикоррупсионӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон аввалин маҷмааи муосири истеҳсоли шиша бунёд мегардад
Дар ноҳияи Сино низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» дар марҳилаи пилотӣ ҷорӣ мегардад
Тоҷикистон бо чанд давлати ҷаҳон муносибати савдои хориҷӣ дорад?
Дар Душанбе Форуми рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор шуд






