«Ҷилваи рангҳои Тоҷикистон»-таҳти ин унвон дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон намоиши театрии мусиқӣ гузаронида шуд

Декабрь 12, 2019 17:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷилваи рангҳои Тоҷикистон» — таҳти ин унвон имрӯз бо ташаббуси Донишгоҳи  славянии Россия ва Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барномаи театрии мусиқӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиши фарҳангӣ  ба   рушди ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Хатлон бахшида шуд.

Тавре аз Донишгоҳи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин боргоҳи дониш  чунин  силсилабарномаҳои театрии мусиқӣ пайваста баргузор мешаванд. Аз ин пеш чунин барнома ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ВМКБ бахшида шуда буд.  Дафъаи дигар донишҷӯён аз  ин барномаи театрии мусиқӣ доир  ба ҳунарҳои мардумӣ дар  вилояти Суғд маълумот  пайдо мекунанд.

Дар барномаи фарҳангӣ   намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ректори  Донишгоҳ Нуралӣ Салихов,  ҳунарманди маъруфи тоҷик Аловуддин Абдуллоев, овозхони маҳбуб Фахриддини Малик, устодони донишгоҳ ва донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо ширкат варзиданд.

Донишҷӯён бо либоси миллии «Чакан» суруд ва рақсҳои   мансуб ба  аҳолии вилояти Хатлонро    иҷро карданд.

Сипас  либосҳои   қадимӣ ва муосири минтақаи Хатлон пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

Мақсад аз баргузории чунин ҳамоишҳои фарҳангӣ  тарғиби либосҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик  мебошад.

Декабрь 12, 2019 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд