«Ҷилваи рангҳои Тоҷикистон»-таҳти ин унвон дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон намоиши театрии мусиқӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷилваи рангҳои Тоҷикистон» — таҳти ин унвон имрӯз бо ташаббуси Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барномаи театрии мусиқӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиши фарҳангӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Хатлон бахшида шуд.
Тавре аз Донишгоҳи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин боргоҳи дониш чунин силсилабарномаҳои театрии мусиқӣ пайваста баргузор мешаванд. Аз ин пеш чунин барнома ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ВМКБ бахшида шуда буд. Дафъаи дигар донишҷӯён аз ин барномаи театрии мусиқӣ доир ба ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд маълумот пайдо мекунанд.
Дар барномаи фарҳангӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ректори Донишгоҳ Нуралӣ Салихов, ҳунарманди маъруфи тоҷик Аловуддин Абдуллоев, овозхони маҳбуб Фахриддини Малик, устодони донишгоҳ ва донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо ширкат варзиданд.
Донишҷӯён бо либоси миллии «Чакан» суруд ва рақсҳои мансуб ба аҳолии вилояти Хатлонро иҷро карданд.
Сипас либосҳои қадимӣ ва муосири минтақаи Хатлон пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.
Мақсад аз баргузории чунин ҳамоишҳои фарҳангӣ тарғиби либосҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад.











Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






