Имрӯз дар Душанбе заминларза ба қайд гирифта шуд

Декабрь 4, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 13:46 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон  заминларза ба амал омад. Шиддати он дар Душанбе аз рӯи ҷадвали Рихтер 2-3 баллро ташкил дод. Дар ин бора аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Дар асоси маълумот манбаъ, маркази зилзила дар километри 273-юми ҷанубу шарқи Душанбе, дар қаламрави  Афғонистон қарор дошт.

Шиддати заминларза дар Афғонистон 4 баллро ташкил дод.

Декабрь 4, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш