Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 10-уми Шӯрои сарпарастони Маркази минтақавии идоракунии обҳои шаҳрӣ дар Теҳрон
ДУШАНБЕ, 09.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Теҳрон 10-умин ҷаласаи Шӯрои сарпарастони Маркази минтақавии идоракунии обҳои шаҳрӣ баргузор шуд. Дар кори он дар қатори ҳайатҳои 15 давлат ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Маркази мазкур соли 2002 таҳти сарпарастии ЮНЕСКО таъсис дода шуда, аз тарафи Шӯрои сарпарастон идора мешавад. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ узви ин Шӯро мебошад.
Дар нишасти мазкур ҳайатҳо дар бораи дастовардҳои кишвари худ дар соҳаи идоракунии обҳои шаҳрӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ ва обу корез сухан гуфта, сипас нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти Маркази минтақавиро баррасӣ намуданд.
Дар суханронии худ дар ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Усмонзода ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи об ва нақши онҳоро дар расидан ба рушди устувор таъкид карда, баргузор кардани нишасти навбатии Шӯрои сарпарастони Маркази минтақавии идоракунии обҳои шаҳриро моҳи июни соли 2020 дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалии бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 пешниҳод намуд. Ин пешниҳод аз ҷониби иштирокдорон якдилона пазируфта шуд.
Акс аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад






