Ҳизбиёни Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди таъсиси ҲХДТ 3 китоби нав ба нашр расониданд
ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон се китоби тозанашрро ба табъ расонид. Дар ин бора ба АМИТ«Ховар» аз шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Китоби якум, ки «25 соли Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (марҳилаи бавуҷудоӣ, ташаккул ва рушд)» ном дорад, аз аввали таъсиси сохторҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, марҳилаҳои ташаккул, мустаҳкамшавии мавқеи ҳизб дар ҷомеа, боло рафтани нуфузи ҳизб ва фаъолиятҳои босамари сохторҳои ҳизб дар солҳои охир нақл мекунад. Китоби мазкур зери назари умумии муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода ба чоп расидааст.
Муаллифони китоб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Неъматулло Иброҳимзода мебошанд. Дар пешгуфтори китоби мазкур муаллифон зикр намудаанд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ниҳодест, ки онро ормону хоҳиш ва орзуҳои сокинони вилоят дар пайравӣ аз кулли мардуми мамлакат ба вуҷуд овардаанд. Онҳо аз таҳлили нооромиҳои ҷумҳурӣ ба хулосае омаданд, ки дар давлати мо низоми коммунистӣ мавқеи хешро аз даст дода, идеологияи исломӣ ба манфиатҳои мардуми мо созгор нест. Ин гуна мафкураҳо нақши неруи пешбар ва созандаро иҷро карда наметавонанд. Онҳо дарк намуданд, ки барои Тоҷикистон ва ҷомеаи парешони он андешаву ҳадафҳои умдае лозиманд, ки ғояи миллӣ ва манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро ҳифз кунанд, муҳимтар аз ҳама, ваҳдати миллиро тақвият бахшанд. Перомуни ин масъалаҳои муҳим афкори умумро ба вуҷуд оварда, дар бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон қувваи бузурги халқро истифода бурда тавонад. Аз ин нуқтаи назар, дар вилояти Хатлон кори бештареро дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ анҷом додан лозим меомад ва созмоне зарур буд, ки дар ҳалли ин аҳдоф худро масъул шуморад. Ин гуна созмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад.
Китоби дуюм «Ҳизби халқ» ном дошта, маҷмӯи мақолаҳои публисистиро дар бораи фаъолияти 25-солаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар вилояти Хатлон дар бар гирифтааст. Ин китоб зери назари бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ба чоп расид. Мураттибони китоб муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Неъматулло Иброҳимзода ва мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Хатлон Шаҳбози Искандар мебошанд.
Тавре Шаҳбози Искандар ба АМИТ Ховар хабар дод, ин асар 29 мақолаи публисистии олимону донишмандон, сиёсатмадорон ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбро дар вилоят дар бар гирифтааст.
Китоби сеюм бо номи «Эътимоди халқ кафолати пирӯзии мост» зери назари раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ба табъ расидааст. Муаллифи китоб муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Сайёҳат Абдуллоева буда, он фаъолиятҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, корҳои амалии ин сохтори ҳизб дар самти кумаку дастгирии табақаҳои ниёзманд, кумак дар таъмири роҳҳои дохилии ноҳия ва таъмири муассисаҳои таълимии ноҳияро дар бар гирифтааст.
Мавриди зикр аст, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли 2018 панҷ китоби дигарро низ ба чоп расонида буд. Ин китобҳо бо номҳои «Каъбаи умеди мо халқ асту бас!», «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ғояҳои миллӣ дар мисоли бунёди НБО «Роғун»», «Хатлон — роҳнамо барои сайёҳон бо забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ», «Дастурамали корӣ барои ҳизбиён» ва «Тоҷикистон –сарзамини сайёҳӣ ва макони ҳунарҳои мардумӣ» ба чоп расида буданд.
Китобҳои мазкур дар нашриёти ҶДММ «Истиқлол-1» ба чоп расидаанд.








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд






