Кумитаи рушди сайёҳӣ: дар Тоҷикистон пояҳои ҳуқуқии соҳаи сайёҳию хизматрасонӣ ташаккул меёбанд
ДУШАНБЕ, 18.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи имтиёзҳои қаблан пешниҳодшуда бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012 тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Тибқи қарори навбатии Ҳукумати мамлакат, ки аз 30 ноябри соли равон тасдиқ гардид, ба рӯйхати намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, «ба иҷора додани биноҳои истиқоматӣ барои сайёҳон ва хизматрасониҳои марбут дар шаҳр (шаҳрак, деҳа), ки меҳмонхона надоранд” илова шуд. Арзиши чунин патент дар як моҳ 80 сомонӣ муқаррар шудааст (50 сомонӣ андоз аз даромад ва 30 сомонӣ андози иҷтимоӣ илова карда шуд). Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайҳӣ хабар медиҳад.
«Бо талошҳову сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ барои сайёҳон, рушди саноати фоидаовари сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он дахлдор, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҳамкории самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ заминаҳои мусоиди меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд», — тазаккур доданд дар Кумита.
Иқдоми мазкур ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, боз ҳам содаву осон намудани фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила бештар намудани ҷойҳои нави корӣ дар соҳа, ки яке аз ҳадафҳои муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ маҳсуб меёбад, мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва алоқаи мустаҳкаму самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ устувор гардида, аҳолии фаъоли иқтисодии мамлакат барои шуғл варзидан дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла дар деҳоти мамлакат ҷалб карда мешаванд.
Ташкили утоқҳои қабули сайёҳон яке аз шаклҳои ҷолиби хизматрасонӣ ба сайёҳон дар деҳот буда, дар аксари кишварҳои олам рушду нумуъ кардааст ва барои бо ҷои кор таъмин намудани аҳолии деҳот ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Имрӯзҳо дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои минтақаи Зарафшон ва дигар минтақаҳои мамлакат ин навъи хизматрасонӣ рушд намуда истодааст.








Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд–чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт






