Намоиши «Рӯдакӣ» ба хотираи неки композитор Шарофиддин Сайфиддинов бахшида мешавад

Декабрь 12, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши операи «Рӯдакӣ» баргузор мегардад. Операи мазкур ба хотираи неки композитор Шарофиддин Сайфиддинов бахшида мешавад.

Тавре Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низом ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, операи «Рӯдакӣ» ба қалами Арбоби ҳунари Тоҷикистон Шарофиддин Сайфиддинов  тааллуқ дошта, бо ташаббуси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба саҳна гузошта мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, баъди намоиши опера лекторияҳои мусиқӣ ва барномаи консертӣ аз эҷодиёти Шарофиддин Сайфиддинов сурат мегиранд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, композитор Шарофиддин Сайфиддинов аз соли 1962 то 1986 сарварии Иттифоқи композиторони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Тӯли фаъолияти корӣ барои тарбияи ҷавонони боистеъдоду эҷодкор неруи зиёд сарф ва таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар тӯли фаъолияташ  ӯ бо истеъдоди фавқулодаи хеш дар мусиқии касбии тоҷик мактаби хешро ба вуҷуд овард, ки дар заминаи ин мактаби бонуфуз анъанаҳои беҳтарини фарҳанги тоҷик эҳё гардиданд.

Эҷодиёти Шарофиддин Сайфиддинов бисёржанра мебошад. Операҳои «Пӯлод ва Гулрӯ», «Рӯдакӣ», «Айнӣ», сурудҳои «Республикаи ман», «Дили Душанбе», «Авҷи зуҳал», «Сомониёнем», «Қасидаи Ватан», «Наврӯз», «Ду ишқу ду зебоӣ», «Зафар ва Заррина», «Дили шоир» ва чандин суруду асарҳои симфонӣ ва камеравӣ-созии эҷодкардааш ба композитор шӯҳрату маъруфияти баланд овардаанд.

Шарофиддин Сайфиддинов аз зумраи он композиторони тоҷик аст, ки дар радифи дигар саромадони мусиқии касбии тоҷик яке аз аввалинҳо шуда, ба кинематография рӯ овардааст. Ӯ нисбат ба мусиқӣ барои театр таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, якчанд драма ва мазҳакаҳои мусиқӣ эҷод кардааст, ки то имрӯз дар театрҳои ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд.

Барои эҷоди сурудҳои «Республикаи ман», «Қасида ба ҳизб» ва достони вокалӣ-симфонии «Оҳиста, Сталинград!» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардидааст.

Суруди «Республикаи ман» беш аз 50 сол аст, ки садо медиҳад ва имрӯз низ шунавандаи худро дорад.

Шарофиддин Сайфиддинов тамоми эҷодиёташро ба ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ равона намудааст.

Декабрь 12, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат