ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Декабрь 26, 2019 08:04

ДУШАНБЕ, 26.12.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар  ҷумҳурӣ  ҳавои  тағйирёбанда  дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона  5-10 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад.    Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз  самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17   метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук  ва   рӯзона   0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ  бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ  бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 11+16  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва дар баъзе ноҳияҳо то 9-16  дараҷа хунук ва  рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва  рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 26, 2019 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад