Осорхонаи таърихии Суғд аз аҳолӣ 44 адад ашёи нодир харидорӣ намуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи таърихии Суғд аз аҳолӣ 44 ёдгории нодирро, ки ба аҳди қадим, асрҳои миёна ва замони муосир тааллуқ доранд, харидорӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Акнун осорхона бо китобҳои дастнавис, кӯзаҳои гилин, либосҳои миллӣ, асбобу анҷом барои ошхона, ашёи рӯзгор, ҷавоҳирот ва дигар нигораҳо пурра гардидааст.
«Пистонаки кӯдаконаи нуқрагини занҷирадор, ки аз ҷониби заргарон махсус барои оилаи ашрофзодаҳо сохта шудааст ва ҳамчунин обдон аз ҷумлаи ёдгориҳои аз ҳама арзишманди ин осорхона маҳсуб мешаванд. Тибқи маълумот, мисли ин як пистонаки заррини дигар, ки бо санги фирӯза оро ёфтааст, дар Эрмитажи Санкт-Петербург маҳфуз буда, ба асри 19 мансуб мебошад», -гуфт директори генералии маҷмааи фарҳангӣ ва таърихии «Қалъаи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов ба мухбири АМИТ «Ховар».
Ба тамошои Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» тӯли 11 моҳи соли равон 54 ҳазор нафар ташриф овардаанд, ки беш аз 5 ҳазорашон шаҳрвандони хориҷианд. Соли гузашта аз маҷмааи мазкур 64 ҳазор нафар дидан карда буданд.
Бояд зикр кард, ки имрӯз дар Осорхонаи «Қалъаи Хуҷанд» 13 468 ёдгории фарҳангӣ ва таърихӣ мавҷуданд, ки ба нигоҳубини онҳо 80 нафар машғул мебошанд.
Ба гуфтаи Иброҳим Иброҳимов, аз соли 2018 дар маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахши рушди сайёҳӣ амал мекунад, ки он ба ҷалби гардишгарон мусоидат мекунад.








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






