Самтҳои асосии самаранокии маъмурикунонии андоз бо TADAT баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои асосии самаранокии маъмурикунонии андоз аз масъалаҳои калидие буданд, ки зимни мулоқоти Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода бо Роҳбари Гурӯҳи Воситаи ташхисии баҳогузории маъмурияти андоз /TADAT/ Мунавер Султан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба маълумоти манбаъ, мулоқот дирӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид. Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар идома оид ба фаъолияти минбаъдаи мақомоти андоз маълумот пешниҳод намуд. Ҷонибҳо инчунин доир ба масъалаҳои муҳими мақомоти андоз фикру андешаҳои худро баён дошта, иброз доштанд, ки ҳамкориро дар ин самтҳо тақвият хоҳанд бахшид.
Тавре дар Кумитаи андоз зикр карданд, TADAT- ин воситаи умумиҷаҳоние мебошад, ки ҳамаи давлатҳо метавонанд онро бо мақсади баҳогузории тарафҳои қавӣ ва заифи низоми маъмурикунонии андози худ истифода намоянд.
Ҳангоми баҳогузории TADAT ба масъалаҳои маъмурикунонии андозҳои ташкилкунандаи қисмати даромади буҷет диққати асосӣ дода мешавад.
TADAT самаранокии мақомоти миллии андозро аз рӯи 9 самти натиҷабахш — пуррагии махзани маълумоти андозсупорандагони бақайдгирифташуда, самаранокии идораи хавфҳо, расонидани кумак ба андозсупорандагон ҷиҳати риояи қонунгузорӣ, пешниҳоди саривақтии эъломияҳои андозӣ, сари вақт супоридани андозҳо, дурустии маълумоти дар эъломияҳои андозӣ дарҷгардида, самаранокии расмиятҳои ҳалли баҳсҳои андозӣ, самаранокии идораи даромадҳо, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият баҳогузорӣ менамояд.
Чунин баҳогузории самаранокии фаъолияти мақомоти миллии андоз, тарафҳои қавӣ ва заифи низоми маъмурикунонии андозро бисёре аз давлатҳои ҷаҳон, ба монанди Россия, Қирғизистон, Украина, Беларус ва дигарон гузаронидаанд.
Кумитаи андоз тасмим гирифтааст, ки аз ҷараёни баҳогузории TADAT мунтазам маълумот пешниҳод намояд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






