Шаҳноз Раҳматуллозода: «Мо фарҳанги пӯшидани либосҳои миллии худро дорем ва бояд онро ҷонибдорӣ намоем»

Декабрь 16, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мо анъанаҳои миллии худро дорем, аз ҷумла либоси миллӣ –чакан, атлас ва рӯймол, ки зебо ва тоҷикона ҳастанд. Либосҳои тоҷикидӯхт ва  шинам дар фарҳанги зебоишиносии миллии мо нақши муҳим гузоштаанд. Мо—тоҷикон воқеан ҳам фарҳанги пӯшидани либосҳои миллии худро дорем ва бояд ин гуна арзишҳоро ҷонибдорӣ намоем. Ин нуктаро муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноз Раҳматуллозода зимни семинар-машғулият иброз намуд.

Мавриди зикр аст, ки 13 декабр дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тақвият додани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ ва шарҳу тавзеҳи моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғиби либосҳои миллӣ, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии бегонапарастии занону ҷавонон семинар-машғулият баргузор гардид.

Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ дар ҳамоиш иброз намуд, ки солҳои охир бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. «Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб шуда, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост».

Ҳамчунин мутахассиси пешбари Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Хоҷамирзода зикр кард, ки «Қонуни танзим ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат равона гардидааст. Ҳадафи дигари он рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму ойинҳои мардумӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои фарҳангу тамаддуни бою қадимии миллати тоҷик мебошад».

Ёдовар мешавем, ки соли 2007 баъди гузаронидани назарсанҷиҳои умумихалқӣ ва бо дарназардошти андеша, пешниҳод ва таклифҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» қабул гардида, пас аз тасдиқи он аз 70 номгӯй ҷашну маросими миллӣ дар мамлакат танҳо 15 номгӯй  боқӣ монд.

Декабрь 16, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд