ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17декабр, сешанбе, 351-умин рӯзи соли 2019 аст

Декабрь 17, 2019 08:00

17 декабри соли 2012 дар Туркия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони доктори  фахрии риштаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Мавлоно сарфароз гардонида шуданд.

***

3 сол пеш, 17 декабри соли 2016  сафари давлатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар оғоз ёфт. Зимни ворид шудани меҳмони олимақом- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қаср тибқи муқаррароти расмии сафарҳои давлатӣ аз тӯпхонаҳо 21 шиллик парронда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи доимоамалкунандаи буҷавӣ баргузор гардид.

17 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи кинои Беларус.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи энергетика.

***

Дар  Бутан- Рӯзи миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

17 декабри соли 2012 дар Туркия Ёддошти тафоҳуми Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-колаи Туркия доир ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Россия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ: ҷиҳатҳои сиёсӣ ва иқтисодию башардӯстонаи ҳамгироии АвруОсиё» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

***

5  сол пеш, 17 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе саҳми олимони рус дар омӯзиши таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик муҳокима карда шуд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2018 Шӯрои Маҷлиси намояндагон «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар самти таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

***

17 декабри соли 1962 Конститутсияи Монако ба амал бароварда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1965 ғафстарин шумораи «Ню-Йорк Таймс» дар ҳаҷми 964 саҳифа ва вазни 7 килограмм нашр шуд.

 ***

Соли 1986 дар Кембриҷ аввалин маротиба ҷарроҳии дар як вақт аз як кас ба каси дигар гузаронидани дил, ҷигар ва шуш гузаронида шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Декабрь 17, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид