Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишҳои солинавӣ манзур менамояд

Декабрь 30, 2019 09:01

ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аҳли ҳунари Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе барои таҷлили  Соли нави мелодӣ барои тарбиятгирандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе боз ду намоиши  солинавӣ рӯи саҳна овардаанд.

Яке бо номи  «Афсонаи кӯҳӣ» буда, муаллифаш Маҳинбону Гасанова, таҳиягар Изатулло Сафарзода мебошанд ва  ба забони тоҷикист. Дигаре «Сурудхонӣ атрофи арчаи солинавӣ» ном дошта, муаллиф ва таҳиягари он Муҳаммад Зарифӣ мебошад ва он бо забони русӣ манзур мегардад. Дар ин бора аз маъмурияти Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки  29 декабр дар Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе намоиши нави солинавии «Офтобак ва одамчаҳои барфӣ» манзури тамошобинони хурдсол гардид. Муаллифи намоиш Александр Веселов ва таҳиягари он коргардони ҷавон Мунира Зоирова мебошанд.

Бояд гуфт, ки имсол намоишҳои солинавиро ду нафар мутахассиси ҷавони соҳаи театр — Мунира Зоирова ва Муҳаммад Зарифӣ таҳия ва рӯйӣ саҳна овардаанд. Номбурдагон хатмкунандагони Донишкадаи санъати театрии Новосибирски Федератсияи Россия аз рӯи “Барномаи рушди санъати театрӣ” дар соли 2018 мебошанд, ки баъди хатми таҳсил дар театри мазкур фаъолият доранд.

 

Декабрь 30, 2019 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад