Тоҷикистон дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон мавқеи устуворро касб менамояд

Декабрь 27, 2019 16:44

ДУШАНБЕ, 27.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштироки роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ҷамъомад доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода дар оғози ҷамъомад иброз дошт, ки кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фараҳманд мебошанд.

«Имрӯзҳо масъалаи рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори он яке аз омилҳои муҳими рушди сайёҳии байналмилалӣ ба шумор меравад. Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои қабули сайёҳон ва хизматрасонӣ ба онҳо дар маҳалҳо корҳои муайян анҷом ёфта истодаанд», — иброз дошт ӯ.

Маврид ба зикр аст, ки барои рушди сайёҳии байналмилалӣ дар Тоҷикистон тибқи ҳадафҳои  Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар амал татбиқ гардида, нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ ба таври муосир ба роҳ монда мешаванд. Ҳамчунин бренди сайёҳии Тоҷикистон васеъ тарғибу ташвиқ гардида, бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ боз ҳам ҷоннок карда мешавад.

«Пешвои миллат дар Паёми имсола зикр карданд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти чойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоем», — илова намуд Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Дар нуҳ моҳи соли равон беш аз як миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири мамлакати мо дидан кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.

Ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо Пешвои миллат зимни ироаи Паёми худ пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад.

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад.

Илова бар ин, бо мақсади содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода шавад.

Ба Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш дода шуд, ки бо мақсади тарғиби бештари омилҳои таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, истироҳативу табобатӣ ва экологии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дар ин соҳа пешрафта пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд.

«Воқеан, осори ғании таърихию фарҳангӣ, муъҷизаҳои нотакрори табиати дастнорасида, таваҷҷуҳи ҳарчи бештари сайёҳони хориҷиро ба кишварамон ҷалб намуда, бо итминони комил метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик Ватани азизамон ба яке аз кишварҳои тараққикардаи сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт. Аз фурсати муносиб истифода бурда, миннатдории самимии тамоми кормандони соҳаи сайёҳии ҷумҳуриро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи хоса ба ин соҳаи ояндадори ҷумҳурӣ ва дастигиҳои ҳамешагӣ иброз менамоем», — гуфт дар фарҷом Н. Абдуғаффорзода.

Декабрь 27, 2019 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд