Тоҷикистон ва Қатар тақвияти ҳамкориро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 03.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдулло вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз натиҷаи ҳамкории мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ин равобит аз муносибати дӯстонаи Сарварони ҳарду давлат – Тоҷикистону Қатар маншаъ гирифта, ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки саҳми Давлати Қатар дар мубориза бар зидди терроризм назаррас мебошад. Аз ҷумла, Давлати Қатар барои пойдории сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ саъю талош дорад, ки шоистаи таҳсин мебошад.
Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдулло зикр кард, ки «мардуми Тоҷикистону Қатар дӯсту бародар мебошанд ва мо мекӯшем дар оянда ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ густариш диҳем».
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду давлатро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар бахшҳо мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба тавсеаи боз ҳам бештари ин муносибот изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 6-7 майи соли 2007 саҳифаи нав кушод ва ба рушди босуръати минбаъда замина гузошт. Далели ин гуфтаҳо сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон августи соли 2007 — аввалин сафари роҳбари давлати арабӣ ба Тоҷикистон мебошад.
Моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуданд.
Давлати Қатар аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва нахустин сафари расмии Падарамир Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ соли 2007 ба ин замина гузошт. Самараи он дар татбиқи лоиҳаи «Диёри Душанбе» ва калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ зоҳир мегардад (ҳаҷми умумии сармояҳои қатарӣ беш аз 300 млн. доллар аст).








ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд






