Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати намояндагони шаҳри Вэйнани вилояти Шэнсии Чин мулоқот намуд

Декабрь 24, 2019 09:49

ДУШАНБЕ, 24.12.2019/АМИТ «Ховар»/. 23 декабр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати намояндагони шаҳри Вэйнани музофоти Шэнсии Ҷумҳурии  Мардумии Чин доир гардид, хабар медиҳад мухбири минтақваии АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот иброз дошт, ки вилояти Хатлон бо минтақаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла музофоти Шэнсӣ муносибатҳои хуби дуҷониба ба роҳ мондааст. Зикр гардид, ки ин муносибатҳо бахусус баъди сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии  Мардумии Чин (31 август-4 сентябри соли 2018) ва дар рафти он ба имзо расидани як қатор санадҳои байнидавлатӣ густариши тоза  пайдо намуданд.

«Рушди соҳаи иқтисодиёт, бахусус кишоварзӣ, саноат дар маркази диққати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, барои боз ҳам беҳтар гардидани вазъи соҳа, бартараф кардани проблемаҳои ҷойдошта бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, грантҳо чораҳои зарурӣ андешида  мешаванд, — афзуд Раиси вилоят.

Таъкид шуд, ки рӯзҳои 22-24 октябри соли 2019 бо даъвати роҳбарияти музофоти Шэнсӣ ҳайати намояндагони Хатлон бо роҳбарии Раиси вилоят  Қурбон Ҳакимзода дар Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзии «Янлин-2019» иштирок намуд. Ҳайати мазкур дар доираи чорабиниҳои намоишгоҳ аз шаҳри Вэйнан дидан карда, бо вазъи парвариши боғҳои интенсивӣ аз наздик шинос гардид  ва бо роҳбарияти шаҳр гуфтушунид анҷом дод.

Ҷаноби Гу Сюанхун,  муншии умумии Ассосиатсияи халқии дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии музофоти Шэнсӣ, аз номи роҳбарияти музофот мардуми Хатлонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки муносибатҳои ин ду бародарвилояти Тоҷикистону Чин дар самтҳои тиҷорату кишоварзӣ беш аз пеш вусъат пайдо менамоянд.

Меҳмон ба роҳбарияти вилоят лоиҳаи бунёди боғи намунавӣ-таҷрибавии себи чиниро муаррифӣ намуданд, ки қарор аст дар ояндаи наздик дар ҳудуди вилояти Хатлон амалӣ карда шавад. Зикр гардид, ки ин лоиҳа на танҳо бунёди боғи намунавӣ, балки воридоти техникаи муосири кишоварзӣ, ба роҳ мондани омӯзишҳо дар самти кишоварзию боғдорӣ, бунёди сардхона барои нигоҳдории то 2 ҳазор тонна мевагӣ ва ғайраро пешбинӣ мекунад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ҳайати музофоти Шэнсӣ доир ба имтиёзҳои давлатӣ, шароити табиӣ, иқлим, заминҳои кишоварзӣ маълумот дода, изҳори  омодагӣ намуд, ки барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҳамаҷониба  мусоидат хоҳад кард.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғпарварӣ, ташкили маркази таҷрибаомӯзӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ ва ҳамчунин ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманд байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳукумати музофоти Шэнсӣ табодули назар карданд.

Декабрь 24, 2019 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд