Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Салтанати Уммон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр дар Масқат муовини Сарвазири Салтанати Уммон Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот Вазири корҳои хориҷии давлати мо паёми расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Султони Уммон Қобус бин Саид ба мусоҳиби худ супорид.
Дар вохӯрӣ ҳамкории дуҷониба байни ду давлат ва таҳкими баъдии он дар арсаҳои мухталиф баррасӣ гардида, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки бо саъю талошҳои муштарак робитаҳои дуҷонибаро ба сатҳи сифатан нав бароранд ва барои расидан ба ҳадафҳои воло тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Акс аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






