«ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!». Таҳти ин унвон дар Хуҷанд мулоқот бо ҷавонони фаъол доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем!» мулоқоти донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон бо роҳбарияти кумитаи иттифоқҳои касабаи коргарони соҳаи маориф ва илми вилояти Суғд баргузор гардид.
Тавре аз маъмурияти донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот иштирокдорон дар бораи оқибатҳои ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ пайвастани ҷавонон сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир ва пойдории сулҳу субот дар минтақа ва мамлакат тадбирҳои мушаххас меандешад.
Яке аз чунин чораҳои воқеӣ татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 мебошад.
Дар охири ҷаласа иштирокдорон терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, ҷонибдории худро барои ҳифзи сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон иброз доштанд.
Таъкид гардид, ки ҷавонони имрӯза бояд ҳушёру эҷодкор бошанд ва дониши ҳуқуқии худро пайваста такмил диҳанд.









Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд






