Агентии обуҳавошиносӣ: Пагоҳ дар Тоҷикистон борон ва барфи бошиддат меборад
ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 7 январ дар Тоҷикистон вазъи ҳаво якбора номусоид гардида, боридани борон ва барфи бошиддат дар назар аст. Дар ин рӯз пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 6-8 дараҷа пешбинӣ шуда, дар баъзе минтақаҳо туман мефарояд. Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, давоми моҳи январ дар ҷумҳурӣ зуд –зуд борон ва барфи тар борида, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ аз меъёри иқлимӣ 1- 2 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар ин минтақа асосан ҳаво рӯзона 10+15 дараҷа гарм шуда, дар қисмати ҷанубии ҷумҳурӣ рӯзҳои алоҳида ҳарорат то ба +18 дараҷа мерасад. Ҳарорати шабонаи ҳаво давоми моҳ тағйир ёфта, аз -3 дараҷа хунук то +6 дараҷа гарм мешавад. Танҳо аввал ва охири моҳ воридшавии мавҷҳои кӯтоҳмуддати ҳавои сард дар назар буда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 0+5 дараҷа гарм ва шабонаи то -6 дараҷа хунук мешавад. Дар ин давра дар ноҳияҳои доманакӯҳ ҳарорати шабонаи ҳаво паст шуда, то 7-12 дараҷа хунук мешавад. Рӯзҳои алоҳида шамол аз самти ғарб бо шиддати 18-23 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳо туман мефарояд.
Дар ин давра дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳ аз меъёри иқлимӣ 1-3 дараҷа баланд пешбинӣ шудааст. Дар нима ва охири моҳ воридшавии мавҷҳои кӯтоҳмуддати ҳавои сард дар назар буда, ҳаво рӯзона аз -2 дараҷа хунук то +3 дараҷа гарм ва шабона то -6 дараҷа хунук мешавад. Инчунин давоми моҳ эҳтимолияти пастшавии ҳарорати шабонаи ҳаво дар доманакӯҳҳо дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ давоми моҳи январ ҳарорат тағйир ёфта, ҳаво рӯзона аз +1 дараҷа гарм то — 8 дараҷа хунук ва шабона аз — 5 то -18 дараҷа хунук мешавад.
Дар ин давра дар вилояти Суғд зуд-зуд боридани боришоти кӯтоҳмуддат пешгӯӣ шуда, шамол бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо туман мефарояд.
Ҳарорати миёнаи моҳи январ дар ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа паст мешавад.
Давоми моҳ дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон асосан реҷаи пастшавандаи ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат шабона тағйир ёфта, аз 5-10 то 15-20 дараҷа хунук мешавад. Ҳавои нисбатан хунук дар даҳрӯзаи дуюми моҳ дар назар буда, ҳарорати миёнаи шабонарӯзии ҳаво аз меъёри муқаррарӣ 5-7 дараҷа паст мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ивазшавии давраи ҳавои гарм ва хунук бо тағйирёбии якбораи ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳаво аз +1 дараҷа гарм то -12 дараҷа хунук ва шабона аз -2 то 20 дараҷа хунук мешавад. Миқдори моҳонаи боришот асосан аз меъёр паст ва дар баъзе ноҳияҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешбинӣ шудааст.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ пасттар пешгӯӣ шуда, дар мавзеи Булункӯл то — 30 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво тағйир ёфта, аз 6-11 то 18-23 ва шабона аз 16-21 то 35-40 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида пастшавии ҳарорати шабонаи ҳаво то -56 дараҷа хунукӣ дар назар дошта шудааст. Миқдори моҳонаи боришот дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгўӣ мешавад.
Рӯзҳои алоҳида шамол бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






