ҲАЙРАТАНГЕЗ! Дар ноҳияи Дарвоз ҳар бех дарахти лимӯ аз 500 то 600 дона ҳосил ба бор овардааст
ДАРВОЗ, 3.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини ноҳияи Дарвоз Шодиҷон Ғозиев, ки се сол пеш дар доманакӯҳ гармхона бунёд карда буду дар он лимӯ шинонид, соли равон ҳосили дилхоҳ гирифт. Дар ин мавсим ҳар як дарахт аз 500 то 600 дона лимӯ ба бор овардааст, ки дар шароити кӯҳистон ҳосили баландтарин аст.
Мавсуф қаблан ба занбӯрпарварӣ шуғл дошт ва баъд аз он ки кораш равнақ ёфт, тасмим гирифт аз фоидаи бадастоварда гармхона бунёд карда, дар парвариши меваҳои ситрусӣ низ донишу маҳорати худро бисанҷад. Зеро аз ин соҳа низ дар шароити кӯҳистон даромади хуб ба даст овардан мумкин аст.
Аз ин рӯ Шодиҷон дар як доманакӯҳ, дар замини бекорхобидаву пур аз санг гармхона сохта, дар он 42 бех ниҳоли лимӯ ва 6 бех ниҳоли афлесуну мандарин шинонд.
Ба гуфтаи ин боғпарвар, Дарвоз дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона ноҳияест, ки обу ҳаво ва иқлимаш ба парвариши меваҳои ситрусӣ мувофиқ мебошад ва ҳар сокини ноҳия метавонад дар замини наздиҳавлигии худ ин намуди меваҳоро парвариш кунад.
Агарчӣ дарозии гармхона 38 метр ва паҳноияш 8 метр бошад ҳам, вале вориди он шудан замон, кас худро дар ҷангали сердарахту сермева ҳис мекунад.
Меваи лимӯ дар баробари таъми бомазза ва бӯи хуш доштан, ҳамчунин барои табобати чандин бемориҳо яке аз давоҳои беҳтарини табиӣ дониста шудааст ва инро табибони касбӣ низ тасдиқ мекунанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии ноҳияи Дарвоз дониши назариявию амалии Шодиҷон Ғозиевро ба инобат гирифта, ӯро ба ҳамкорӣ даъват кард. Акнун вай қоидаҳои парвариши дарахтони ситрусиро ба дигар сокинони ноҳия низ меомӯзад. Бо кумаку дастгириаш шумораи лимӯхонаҳо дар ноҳия то ба 27 адад расид. Чанд сол боз барои бунёди лимӯхонаҳо ба боғдорони ноҳияҳои Шуғнону Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон низ кумаки амалӣ мерасонад.
Ба гуфтаи ин лимӯпарвари соҳибтаҷриба, дар ноҳияҳои ҳамсоя ӯ ҳамроҳи дигар мутахассисони соҳа 70 лимӯхона бунёд кардаанд.










Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






