Аксари фурудгоҳҳои ҷаҳон санҷиши мусофиронро аз гирифторӣ ба коронавирус оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳҳои байналмилалӣ дар давлатҳои мухталифи ҷаҳон дар робита бо хурӯҷи бемории коронавирус чораҳои иловагии назоратро ба роҳ мемонанд, хабар медиҳад АМИТ « Ховар» бо истинод ба «Арменпресс».
Рӯзи панҷшанбе дар Фурудгоҳи байналмилалии Дубай, ки шумораи мусофиронаш дар ҷаҳон аз ҳама зиёд аст, санҷиши мусофирони аз Чин омадаро шурӯъ карданд. Роҳбарияти бандари ҳавоӣ хабар дод, ки мутахассисон асосан ҳарорати бадани мусофиронро чен мекунанд.
Дар фурудгоҳҳои Британия низ чораҳои махсусро ба кор андохтаанд. Дар Хитрои Лондон ҳавопаймоҳоеро, ки аз кишварҳои аллакай дар онҳо ҳодисаҳои сироят ба қайд гирифташуда меоянд, дар минтақаи махсуси терминали 4 ҷой медиҳанд. Сипас мусофиронро месанҷанд, то муътақид шаванд, ки нафаре байни онҳо бемор нест.
Ҳокимияти Малайзия дар навбати худ дар саросари марзҳояш, ҳамчунин фурудгоҳи Куала-Лумпур санҷиши тиббӣ оғоз намудааст. Мусофироне, ки аз Чин парвоз мекунанд, дар кишварҳои дигари Осиё, аз ҷумла Филиппин ва Бангладеш низ тафтиш мешаванд. Дар бузургтарин фурудгоҳҳои ИМА, аз ҷумла дар бандарҳои Сан-Франсиско, Ню-Йорк ва Лос- Анҷелес ҳамчунин чораҳои қатъии бехатарӣ амалӣ мегарданд.