Аксари фурудгоҳҳои ҷаҳон санҷиши мусофиронро аз гирифторӣ ба коронавирус оғоз намуданд

Январь 24, 2020 10:24

ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳҳои  байналмилалӣ  дар давлатҳои  мухталифи  ҷаҳон  дар робита бо хурӯҷи бемории коронавирус чораҳои иловагии назоратро ба роҳ мемонанд, хабар медиҳад АМИТ « Ховар» бо истинод ба «Арменпресс».

Рӯзи панҷшанбе дар Фурудгоҳи  байналмилалии Дубай, ки шумораи мусофиронаш  дар ҷаҳон аз ҳама зиёд аст, санҷиши мусофирони аз Чин омадаро  шурӯъ карданд. Роҳбарияти  бандари ҳавоӣ хабар дод, ки мутахассисон асосан ҳарорати бадани мусофиронро чен мекунанд.

Дар фурудгоҳҳои  Британия низ  чораҳои махсусро ба кор андохтаанд.   Дар Хитрои Лондон ҳавопаймоҳоеро,  ки  аз кишварҳои аллакай  дар онҳо ҳодисаҳои сироят ба қайд гирифташуда меоянд, дар минтақаи махсуси терминали 4 ҷой медиҳанд. Сипас мусофиронро  месанҷанд,  то  муътақид шаванд, ки нафаре байни онҳо бемор нест.

Ҳокимияти Малайзия дар навбати худ дар саросари марзҳояш, ҳамчунин фурудгоҳи  Куала-Лумпур санҷиши тиббӣ оғоз  намудааст.  Мусофироне,  ки аз Чин парвоз мекунанд, дар кишварҳои дигари Осиё, аз ҷумла  Филиппин ва Бангладеш  низ тафтиш мешаванд. Дар бузургтарин фурудгоҳҳои  ИМА,  аз  ҷумла дар  бандарҳои Сан-Франсиско, Ню-Йорк  ва Лос- Анҷелес  ҳамчунин чораҳои  қатъии бехатарӣ  амалӣ  мегарданд.

Январь 24, 2020 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест