«Алиф Сармоя» ба «Алиф Бонк» табдил дода шуд

Январь 6, 2020 10:50

ДУШАНБЕ, 06.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба «Алиф Бонк» табдил додани ташкилоти  хурди қарзии «Алиф Сармоя» бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Алиф Бонк» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Дар маросими супоридани иҷозатнома Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода  ба Раиси «Алиф Бонк» Абдулло Қурбонов барои фарох намудани шабакаи фаъолият, бахусус ифтитоҳи  воҳидҳои сохтории бонк дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ва афзоиши  хизматрасониҳои бонкӣ, бахусус қарздиҳӣ дастур дод.

«Алиф Бонк»  моҳи августи соли 2014, баъд аз он ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонун дар бораи бонкдории исломӣ» қабул гардид, ба фаъолият  шурӯъ намудааст. «Алиф Бонк» ном гирифтани бонк рамзист, зеро то ҷое мусаллам аст, «Алиф» ҳарфи нахустини алифбои арабӣ буда,  фаъолияти бонк ба он далолат мекунад, ки дар самти хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ бояд ҳамеша дар зинаи аввал бошад.

Январь 6, 2020 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад