Ҷамшед Ҷумъахонзода: «Тоҷикистон барои иштирок дар «EXPO -2020 DUBAI» омодагии ҷиддӣ мебинад»

Январь 29, 2020 15:20

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2020», ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи  Араб доир мегардад,  иштирок намуда, маҳсулоти тавлидотии худро, ки аз меваҳои хушк, тару тоза, коркардшуда, асал, обҳои ташнагишикан, маҳсулоти қаннодӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, захираҳои гидроэнергетика, сайёҳӣ, рушди шаҳрдорӣ иборат аст,  ба намоиш мегузорад. Ҳамзамон  дар асоси супориши Сарвари давлат ҳайвоноти нодири  табиати Тоҷикистон, аз қабили бабри барфӣ ва гӯсфанди Марко Поло муаррифӣ мегарданд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои  хабарӣ 29 январ дар Душанбе гуфт, ки  Тоҷикистон барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2020  DUBAI»  омодагии ҷиддӣ мебинад.

Мавзӯи гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии  «EXPO -2020  DUBAI»  «Об барои рушди  устувор» мебошад. Ҷамшед Ҷумъахонзода зикр кард, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ оператори  миллӣ ва раиси Палата комиссари  павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2020  DUBAI»   муайян гардидаанд.

Барои иштирок дар ин намоишгоҳ  аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ  нақшаи чорабиниҳо  таҳия гардида, таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид Кумитаи тадорукот  таъсис дода шудааст, ки дар он масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва иштироки мамлакатамон дар ин намоишгоҳ  дар ҷаласаҳои Кумита  мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Зикр шуд, ки мавзӯи гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии  «EXPO -2020  DUBAI»  «Об барои рушди  устувор» мебошад. «Об барои рушди  устувор»  ном гирифтани гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии  «EXPO -2020  DUBAI»   ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  марбут аст.

Омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии  «EXPO -2020  DUBAI»   дар ҳолест, ки соли 2019 давлатамон дар Намоишгоҳи байналмилалии  боғдории «EXPO -2019», ки дар Пекин доир гардида буд, иштирок намуда, соҳиби ҷоизаи тиллоии  Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO -2019» дар Пекин гардид.

 

Январь 29, 2020 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад