Ҷамшед Ҷумъахонзода: «Тоҷикистон барои иштирок дар «EXPO -2020 DUBAI» омодагии ҷиддӣ мебинад»
ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2020», ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад, иштирок намуда, маҳсулоти тавлидотии худро, ки аз меваҳои хушк, тару тоза, коркардшуда, асал, обҳои ташнагишикан, маҳсулоти қаннодӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, захираҳои гидроэнергетика, сайёҳӣ, рушди шаҳрдорӣ иборат аст, ба намоиш мегузорад. Ҳамзамон дар асоси супориши Сарвари давлат ҳайвоноти нодири табиати Тоҷикистон, аз қабили бабри барфӣ ва гӯсфанди Марко Поло муаррифӣ мегарданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ 29 январ дар Душанбе гуфт, ки Тоҷикистон барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2020 DUBAI» омодагии ҷиддӣ мебинад.
Мавзӯи гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2020 DUBAI» «Об барои рушди устувор» мебошад. Ҷамшед Ҷумъахонзода зикр кард, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ оператори миллӣ ва раиси Палата комиссари павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2020 DUBAI» муайян гардидаанд.
Барои иштирок дар ин намоишгоҳ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид Кумитаи тадорукот таъсис дода шудааст, ки дар он масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва иштироки мамлакатамон дар ин намоишгоҳ дар ҷаласаҳои Кумита мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Зикр шуд, ки мавзӯи гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2020 DUBAI» «Об барои рушди устувор» мебошад. «Об барои рушди устувор» ном гирифтани гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2020 DUBAI» ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст.
Омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO -2020 DUBAI» дар ҳолест, ки соли 2019 давлатамон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO -2019», ки дар Пекин доир гардида буд, иштирок намуда, соҳиби ҷоизаи тиллоии Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO -2019» дар Пекин гардид.








Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд






