Беш аз 20 ҳазор нафар сайёҳ аз ноҳияи Данғара боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 20.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тарғибу ташвиқи имкониятҳои минтақа соли гузашта ба ноҳияи Данғара беш аз 20 ҳазор нафар сайёҳи дохилӣ ва қариб 2 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ омада, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳия дидан намуданд. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат хабар медиҳад.
Тибқи иттилои сарчашма, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли 2019 дар ноҳияи Данғара баҳри бештар ҷалб намудани сайёҳони дохилию хориҷӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ чорабиниҳои зиёди тарғиботӣ анҷом дода шуданд.
Аз ҷумла, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ва инфрасохтори сайёҳии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муосир Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳия барои солҳои 2018-2020 қабул гардид.
Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ва рушди сайёҳӣ дар минтақа дар ноҳияи Данғара хатсайрҳои сайёҳии нав, назири хатсайри сайёҳии Данғара-Пушинг таъсис дода шуд. Он самараи ҳамкории судманди Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара мебошад.
Имкониятҳои ноҳияи Данғара барои рушди намудҳои сайёҳии кишоварзӣ ва гастрономию экологӣ хеле мувофиқ буда, аз рӯи таҳлилҳо сайёҳон асосан мавсими баҳору Наврӯз аз талу теппаҳои лолазор, алафзор, гиёҳҳои худрӯю шифобахши минтақа боздид намуда, ҳаловат мебаранд.
Сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ асосан аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳия, ба монанди Осорхонаи овони мактаббачагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи литсейи президентӣ, мавзеи «Хуррамшаҳр», мавзеи таърихӣ ва сайёҳии деҳаи Пушинг, Қасри фарҳанги ноҳия, Осорхона- мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара, «Сангтӯда», мавзеи «Хуталон», Хоҷашақиқи Балхӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, шаҳиди «Сари Қалъа», чашмаи «Нуқра» ва дигар мавзеъҳои дорои имкониятҳои сайёҳӣ дидан менамоянд.
Айни замон дар ноҳияи Данғара 7 меҳмонхонаи замонавӣ, 6 мавзеи сайёҳӣ, 2 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 8 тарабхонаи муосир 2 осорхона, 26 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 22 маркази хизматрасонии бонкӣ, 2 мағозаи фурӯши армуғон, 4 зиёратгоҳ ва 1 боғи фарҳангию фароғатӣ мавҷуд мебошад.
Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳия растаи ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шуд, ки айни замон ҳунармандон дар ин раста маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд.
Маҳз соли 2019 дар ноҳия 3 меҳмонхонаи замонавӣ, 2 тарабхонаи муосир, 1 ширкати сайёҳӣ бо номи «Хуталон» ва 1 мағозаи фурӯши армуғонҳо мавриди истифодаи сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон клуби саёҳатчиён таъсис дода шудааст, ки аъзои он аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон дидан намуда, маводи тарғиботиро гирдоварӣ намуданд.
Тадбирҳои роҳандозишуда ба баланд бардоштани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати оқилона истифода намудани иқтидори мавҷуда мусоидат карда, инчунин ба рушди сайёҳии ноҳия такони ҷиддӣ мебахшанд. Ҳамзамон ба ин восита соҳаи мазкур марҳила ба марҳила ба яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ин ҳудуди маъмурӣ табдил меёбад.











Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






