Боздиди кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Спитамени вилояти Суғд

Январь 15, 2020 17:02

ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар идомаи боздиди корӣ аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба ноҳияи Спитамен ташриф овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар ин сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзодаро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарони як қатор идораҳои давлатӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Қоҳир Расулзода ва Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен нахуст бо ҷараёни сохтмони биноҳои нави таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ва 33 шинос шуданд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои 640 хонанда бунёд гардида истодааст.

Бинои мактаб аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 16 синфхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ, ошхона бо 150 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, варзишгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад. Дар бинои нави таълимӣ барои таҳсили хонандагон шароити зарурӣ фароҳам гардида, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 10 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 бошад дар асоси созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд хоҳад шуд. Мактаби нав барои 1260 хонанда дар ду баст дар масоҳати умумии бештар аз 2 гектар бо харҷи зиёда аз 18 миллион сомонӣ сохта шуда, он дорои ошхона бо 224 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 280 ҷой, китобхона, толори варзишии барҳаво ва майдончаи варзишӣ мебошад.

Қоҳир Расулзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти зикршуда аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, барои ба анҷом расонидани корҳо тавсияҳо дод.

Сипас, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2”-и ноҳия бо лоиҳаи бунёди гармхонаҳои гидропоникӣ-инноватсионӣ ошно шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аъзои хоҷагӣ дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 марҳила ба марҳила дар масоҳати чор гектар чор гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ бунёд менамоянд. То имрӯз як гармхона бунёд гардида, тибқи нақша ду гармхонаи дигар соли 2020 ва гармхонаи чорум соли 2021 ба истифода дода мешавад.

Сарвазири мамлакат дар аснои суҳбат бо аъзои хоҷагӣ ва намояндагони сохторҳои дахлдор изҳор дошт, ки бунёди чунин гармхонаҳои замонавӣ ва руёнидани ҳосили фаровон барои таъмини фаровонӣ дар бозор мусоидат намуда, барои таъмини бештари мардум бо ҷойи корӣ замина фароҳам меовард.

Январь 15, 2020 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид