Daily Mail: Шаҳрванди чанде қабл фавтидаи Тоҷикистон Фотима Мирзоқулова куҳансолтарин зани сайёра буд

Январь 30, 2020 11:58

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» хабар дод, сокини деҳаи Даҳанаи ҷамоати Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд Фотима Мирзоқулова, ки куҳансолтарин сокини Тоҷикистон дониста мешуд, дар синни 127 даргузашт. Ин хабарро даҳҳо ВАО-и ҷаҳон, аз ҷумла агентии иттилоотии давлатии Қазоқистон «Казинформ», «РИА Новости», рӯзномаи ҳукуматии «Российская газета», «Аргументы и факты»-и Россия, «Факты» ва «Народная правда»-и Украина, «Росбалт»,  шабакаҳои телевизионии «Россия», «МИР24»,  НТВ, REN TV, «Девятый канал», KTZ, рӯзномаи «Московский комсомолец», агентии «Спутник», Pravda.ru,  Gazeta.ru, Inform.kz, Lenta.ru, Polit.ru, Life.ru, «Белновости», sb.by, портали «Охи. AZ», «Фергана.ру» ва ғайраҳо бознашр намуданд.

Аз ҷумла, Daily Mail менависад, ки Фотима Мирзоқулова зани куҳансолтарин дар ҷаҳон будааст, агар санаи таваллуди ӯ дар шиносномааш воқеӣ бошад. Инро шабакаи телевизиони «КТК» низ тасдиқ мекунад: «Дар Тоҷикистон зани куҳансолтарин дар ҷаҳон вафот кард. Агар маълумоти шиносномааш воқеӣ бошад, пас шаҳрванди Тоҷикистон Фотима Мирзоқулова охирин зане буд дар сайёра, ки дар асри 19 таваллуд шудааст».

Daily Mail дар идома менависад: «Дар бораи дигар ҳуҷҷатҳое, ки синни Фотима Мирқозуловаро тасдиқ мекунанд, маълумоте нест. Дар тӯли тамоми ҳаёташ ӯ дар колхоз кор карда, пахта мепарварид. Ҳатто пас аз ба нафақа баромадан низ ин корро тарк накард. Дар тӯли ҳаёт ӯ ҳашт фарзанд ба дунё оварда, шумораи набераву абераву чабераҳояш аз дусад нафар зиёд аст».

Соли 2018 Фотима Мирзоқулова ба нашрияи «The Open Asia» мусоҳибаи калон дода буд. Дар он мусоҳиба ӯ нақл мекунад, ки шавҳари аввалаи ӯ ва падари се фарзанди калониаш дар солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ вафот кардааст. Соли 1951 дар синни 58 вай дубора бо марди 72-сола издивоҷ мекунад. Аз ин издивоҷ ӯ боз панҷ фарзанд ба дунё меорад. Духтари ин зани дарозумр чунин гуфт:

«Вақте ӯ сисола буд, дар мактаби шабона чанд сол таҳсил мекунад, аммо ҳеҷ гоҳ расман дар ҷое кор накардааст. Модарам китоб намехонд, вай ҳеҷ гоҳ ба сиёсат таваҷҷуҳ надошт. Асабҳои вай ҳамеша қавӣ буданд. Бо вуҷуди ин, ӯ дар ҳаёти мамлакат иштирок мекард — солҳои 1939-1940 дар кандани Канали калони Фарғона иштирок намудааст».

Дар омади гап, тибқи гузоришҳои қаблан нашршуда дар ВАО, куҳансолтарин одами сайёра расман Кейн Танакаи 117-сола аз шаҳри Фукуокаи Япония, ки 2 январи соли 1903 таваллуд шудааст (тибқи маълумоти ВАО ин бо бисёр санадҳо тасдиқ шудааст) ва Жанна Луиза Калменти 122-сола, ки соли 1997 дар Франсия вафот кард, мебошанд. Инро маълумоти Китоби рекордҳои Гиннес тасдиқ мекунад.

Моҳи октябри соли 2019 хабар дода шуд, ки дар вилояти Астрахани Федератсияи Россия куҳансолтарин сокини сайёра, зани қазоқи этникӣ Танзиля Бисембеева вафот кардааст. Аз соли 2016, вай расман куҳансолтарин сокини сайёра буд, ки инро сабтҳои Китоби рекордҳои Россия тасдиқ мекунанд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2020 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад