Дар хатсайри «Мусича» 15 адад микроавтобуси муосир ба сокинону меҳмонони Душанбе хизмат мерасонанд

Январь 2, 2020 12:00

ДУШАНБЕ, 02.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, шурӯъ аз 31 декабри соли 2019 дар хатсайри №16, ки «Мусича» номгузорӣ шудааст, микроавтобусҳои муосир сафарбар гардиданд. Пардохти ҳаққи роҳкиро дар ин мусофиркашонҳои нав пурра ба таври ғайринақдӣ (1 сомону 60 дирам) ба роҳ монда шудааст. Дар хатсайри мазкур  3 намуд микроавтобуси муосир, аз ҳар кадоме 5 ададӣ,   дар маҷмӯъ 15 адад  нақлиёти мусофиркаши нав ба сокинони пойтахт хизмат мерасонанд.

Тавре аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба  АМИТ «Ховар»  хабар доданд, хатсайри зикршуда   маҳаллаҳои Чортеппа  — Чанороро дар бар гирифта, ин иқдом бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш  дар пойтахт  роҳандозӣ гардидааст.

Микроавтобусҳои мазкурро корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» харидорӣ   намуда,    онҳо дар хатсайри мазкур  барои  озмоиш  ба кор шурӯъ  намудаанд. Баъди анҷоми муҳлати озмоишӣ (6 моҳ), бо инобати пешниҳоди мусофирон  мутахассисони корхона ба хулоса меоянд, ки кадоме аз онҳо барои хизматрасонӣ муносиб дониста мешаванд. Сипас  корхонаи мазкур  ба  истеҳсоли оммавии он шурӯъ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки  корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»  тасмим гирифтааст, ки  бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар  дар пойтахт, 100 адад автобуси 12-метраи  тамғаи «AKIA»-ро  (бо ғунҷоиши 98  мусофир, ки  26 ҷойи нишаст ва 72 ҷойи ғайринишаст дорад),  истеҳсол намуда,  ба  корхонаҳои коммуналии нақлиёти мусофиркашони  пойтахт  пешниҳод намояд.  Айни ҳол  57 адади ин автобусҳо  истеҳсол шуда, дар хатсайрҳои шаҳр ба  сокинону меҳмонони пойтахт  хизмат мерасонанд.

Корхона дар оянда истеҳсоли панҷ намуди нақлиёти мусофирбарро  ба нақша гирифта,  дар марҳилаи дуюм, моҳҳои январ — феврали  соли 2020  ба  истеҳсоли автобусҳои дарозиашон 8-метра оғоз менамояд.

Январь 2, 2020 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид