Дар маркази ноҳияи Дарвоз мағозаи фурӯши китоб боз шуд
ДУШАНБЕ, 18.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз мағозаи нави фурӯши китоб дари худро ба рӯи дӯстдорони китоб боз намуд. Ин мағозаи китоб бо маблағгузории чанд нафар аз соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардид ва онҳо тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ барои таъмини мағоза бо китобҳои илмию бадеӣ, бахусус китобу маҷаллаҳо барои кӯдакону наврасон ба таври муштарак саҳм мегузоранд.
Зимни ифтитоҳи фурӯшгоҳи китоб муовини аввали раиси вилоят Алишер Мирзонаботов гуфт, ки имрӯз бо кумаки соҳибкорону дигар ҷавонмардони саховатпеша дар ҳар як шаҳру деҳоти вилоят толору майдончаҳои варзишӣ, марказҳои дилхушии кӯдакон бунёд мегарданд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ин иқдоми наҷиб ҳамеша пуштибонӣ мекунад. Акнун вақти он расидааст, ки дар маркази ноҳияҳо ва деҳоти вилоят дасти кам як дӯкони фурӯши китоб бунд шавад. Зеро маҳз мутолиаи бештари китоб ба насли ояндасози миллат имконият фароҳам меорад, ки дар рушди илму иқтисод ва фарҳанг бештар нақш гузоранд. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ низ бори дигар таъкид доштанд, ки китоб ва китобхонӣ омили асосии ҳифзи фарҳаги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифтанок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи бинои маткаби рақами 65-уми шаҳри Душанбе нақши мутолиаи китобро дар зиндагии ҳар як инсон муҳим хонда, бори дигар хотирнишон намуданд, ки «гузаштагони мо барои мову шумо ва аҳли башар мероси бисёр гаронбаҳову пурқимат, яъне осори ҷовидонаи илмиву адабиро ба мерос гузоштаанд ва омӯхтану аз худ кардани ин мероси бузург барои ҳар яки мо бояд шараф бошад».








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






