Дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2020» дастаи Тоҷикистон (U-16) ҷои дуюмро ишғол намуд

Январь 27, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2020», ки 19-25 январ дар шаҳри Мински Беларус доир гашт, ҷои дуюмро ишғол намуд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар финал шогирдони Аҳлиддин Турдиев аз дастаи Беларус (U-17) мағлуб шуданд. Вақти асосии дидор мусовӣ (2:2) анҷом ёфта, дар задани силсилазарбаҳои ёздаҳметра бозӣ бо ҳисоби 5:4 ба фоидаи дастаи Беларус (U-17) анҷом ёфт.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа 8 дастаи мунтахаб иштирок карданд. Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои мунтахаби наврасони Беларус ва Тоҷикистон ба майдон омаданд. Бозӣ ҷолиб доир шуда, дар дақиқаи 9-ум футболбозони навраси тоҷик як комбинатсияи хуб ташкил карданд, ки дар натиҷа Абдулфаттоҳ Худойдодзода ҳисобро кушод. Дар анҷоми нимаи аввали бозӣ Сунатулло Азизов голи дуюми дастаи Тоҷикистонро зад.

Вале футболбозони тоҷик ҳисобро то анҷом натавонистанд нигоҳ доранд. Дастаи  Беларус дар нимаи дуюм тавассути Кунский ва Марчук ҳисобро баробар кард. Бо вуҷуди он ки дастаи мунтахаби мо бозиро 10-нафарӣ ба анҷом расонид, дар дақиқаи 71-ум ба Муҷовид Шовайсиддинов корти сурх нишон дода шуд.

Дар задани силсилазарбаҳои ёздаҳметра дастаи наврасони Беларус ҷои аввалро ишғол намуда, дастаи Тоҷикистон соҳиби медалҳои нуқра гардид.

Ҳамлагари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Сунатулло Азизов, ки дар чор бозӣ ба задани 3 гол даст ёфт, беҳтарин ҳамлагари мусобиқа дониста шуд.

Барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2020» дар Минск як давраи омодагӣ ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли равон дар Баҳрайн доир мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2020»
Финал
Беларус (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 2:2. Пеналтӣ – 5:4
Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 9 (0:1). Сунатулло Азизов, 39 (0:2). Кунский, 57 (1:2). Марчук, 80+3 (2:2).

Бозӣ барои ҷои сеюм
Белгия (U-17) – Исроил (U-17) – 5:0

Бозӣ барои ҷои 5-ум
Финланд (U-17) – Гурҷистон (U-17) – 1:0

Бозӣ барои ҷои 7-ум
Ӯзбекистон (U-16) – Исландия (U-17) – 1:2

Январь 27, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад