Дар Суғд Фестивали вилоятии «Атласу адрас» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд миёни тарроҳон ва дӯзандагон таҳти унвони «Атласу адрас» Фестивали вилоятӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташаббуси раёсатҳои кор бо занон ва оилаву фарҳанги вилоят бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ ва рушди атласу адрасбофӣ фестивали мазкур баргузор мегардад.
Фестивали вилоятии «Атласу адрас» аз рӯи 4 бахш сурат мегирад: «Беҳтарин либоси кӯдакона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона» ва « Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ».
Тавре манбаъ зикр намуд, тибқи талаботи фестивал либосҳо бояд танҳо аз матои атлас ва адраси ватанӣ омода шуда бошанд. Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм дар маркази вилоят гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дархостҳо барои иштирок дар фестивал аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то 20 феврал қабул карда мешаванд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






