Дар Теҳрон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ баррасӣ гардид

Январь 28, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 28.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Теҳрон 25 январ   вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон Алиасғар Мунисон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ муҳокима намуданд.

Фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди муносибатҳо дар ин соҳаҳо, мубодилаи таҷриба байни мутахассисони ҳар ду тараф, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ва тавсеаи гардишгарӣ аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи соҳавӣ арзёбӣ гардид.

Акс аз ВКХ ҶТ

Январь 28, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд