Дар Тошканд гуфтушунид оид ба сохтмони муштараки ду НБО дар қаламрави Тоҷикистон идома дорад
ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 28 январ дар шаҳри Тошканд гуфтушунид миёни гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба баррасии масъалаи сохтмони муштараки ду НБО дар қаламрави Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доданд.
Лоиҳаи сохтмони ду неругоҳи барқӣ 552 миллион доллар арзёбӣ мегардад. Дар назар аст, ки ин неругоҳҳо барои эҳтиёҷоти Ӯзбекистон то 1,4 миллиард киловатт-соат неру истеҳсол намоянд.
Дар марҳилаи аввал сохтмони НБО- и Ёвон бо иқтидори 140 МВт ва истеҳсоли неруи барқ дар ҳаҷми 700- 800 миллион кВт соат ба нақша гирифта шудааст. Арзиши марҳилаи аввали сохтмон 282 миллион доллар мебошад.
Марҳилаи дуюми сохтмони НБО дар Фондарё бо иқтидори 135 МВт ва истеҳсоли неруи барқ дар ҳаҷми 500- 800 миллион кВт соат шурӯъ мегардад. Барои сохтмони марҳилаи дуюми НБО 270 милион доллар сарф мешавад.
Дар ҷараёни сохтмони муштарак ва истифодаи НБО бунёди ҷойҳои иловагии корӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин «барои интиқоли неруи барқ ба дигар минтақаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар асоси баробарӣ» имконият пайдо мешавад.
Дар гуфтушунид ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода роҳбарӣ менамояд. Ӯзбекистонро муовини Вазири энергетикаи ҶУ Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов намояндагӣ мекунад.
Дирӯз ҳайатҳо тартиб ва шартҳои иштироки шарикӣ дар сохтмон ва истифодаи НБО-ҳоро муҳокима намуданд. Гуфтушунид имрӯз, 29 январ низ идома хоҳад ёфт.
Хотирнишон месозем, ки масъалаи сохтмони муштараки неругоҳҳои барқӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо иқтидори 320 МВт дар изҳороти муштараки сарварони ду давлат зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи августи соли 2018 пешбинӣ шуда буд.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






