Дар ҳузури муовини якуми Сарвазири мамлакат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2019 ҷамъбаст гардиданд

Январь 13, 2020 14:14

ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 январ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2019 баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ҷаласаи фаъолони вилоят бо ҳузури муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, масъулони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамъатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон сурат гирифт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни ифтитоҳи ҷаласа зикр кард, ки сокинони вилояти Суғд соли 2019-ро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуда, барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош меварзанд.

Сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2019 муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориш дод. Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2019 ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ва сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии вилоят дода шуданд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.  Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи ҳисоботӣ таъсиси корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, дастгирии воқеии соҳибкорӣ,  баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои дастӣ, рушди соҳаҳои маориф ва илм, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандонро самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод.

Дар натиҷа рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят таъмин гардида, маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ ба 20,5 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 107,3 фоиз расонида шуд.


Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,6 фоизро ташкил намуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019 ба 12 млрд. 888,3 млн. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо дар сатҳи 112,9 фоизи ҳамин давраи соли сипарӣ таъмин гардид.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ба истиснои шаҳри Исфара суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбати соли гузашта таъмин гардид.

3 сол пеш дар рўйхати молҳои саноатии дар вилоят истеҳсолшаванда 123 адад номгўи маҳсулоти саноатӣ мавҷуд буд ва соли ҷорӣ ин рақам ба 182 номгўй расонида шуд.

Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли ангиштсанг 46,9 ҳазор тонна ва семент 181,8 ҳазор тонна афзуда, мутаносибан ба 1,8 млн. тонна ва 1,3 млн. тонна расонида шуд.

Дар соли сипаришуда дар миқёси вилоят 102 корхонаву коргоҳи нав бо 1455 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 8 млрд. 91,7 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд.

Дар ин давра дар вилоят истеҳсоли пахта 130 ҳазор тонна, сабзавот 494,9 ҳазор тонна, картошка 450,3 ҳазор тонна, полезӣ 127,5 ҳазор тонна, мевагиҳо 150,9 ҳазор тонна, ангур  61,7 ҳазор тонна, гўшт 58,6 ҳазор тонна, шир 269,2 ҳазор тонна, тухм 429,9 млн. дона, пашм 1516,3  тонна ва асал 1416,5 тоннаро ташкил намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ барои ба мавсими киштукор омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ 5,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 400,0 ҳазор сомонӣ, Ҷаббор Расулов 400,0 ҳазор сомонӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ 700,0 ҳазор сомонӣ,  Панҷакент 700,0 ҳазор сомонӣ, Ашт 900,0 ҳазор сомонӣ, Зафаробод 1,3 млн. сомонӣ ва Мастчоҳ 1,0 млн. сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 733,3 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд.


Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ин давра дар ҳаҷми 1 млрд 707,7 млн. сомонӣ иҷро гардид.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2019 ба 2042,7 млн. доллари амрикоӣ баробар шуда, ба маблағи 471,1 млн. доллари амрикоӣ маҳсулот содирот гардид.

Дар вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гашта истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи ин лоиҳаҳо 215 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 100,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2420,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида (2404,3 млн. сомонӣ) 15,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1887,4 млн. сомонии дар нақша пешбинигардида 1924,6 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 2,0 фоиз ё ин ки 37,26 млн. сомонӣ зиёд аст.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид зимни баромади худ вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, барои дар соли 2020 беҳтар намудани нишондиҳандаҳо, дар сатҳи баланд бунёд намудани иншооти ҷашнӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаву рақобатпазир дастуру супоришҳо дод.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар поёни ҷаласа изҳори боварӣ намуд, ки сокинони вилояти Суғд соли 2020 низ барои таъмини рушди соҳаҳо аҳлона меҳнат намуда, барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Январь 13, 2020 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ICBC ва RAMP дар Вашингтон баррасӣ гардид
Ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
Дар ноҳияи Муъминобод кишти зироати кишоварзӣ идома дорад
НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ. Тоҷикистон ба мавҷи аккумуляторҳои истифодашудаи онҳо чӣ гуна омодагӣ мебинад?
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон дар самти моликияти зеҳнӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 39 созишномаю конвенсияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ як зумра ихтироъкорони Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидорӣ 5,1 фоиз зиёд гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Малайзия бо дастовардҳо дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор шинос гардид
Байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика Протоколи муҳим ба имзо расид
Дар Душанбе доир ба масъалаи равишҳои инноватсионӣ дар соҳаи тиб ҳамоиш доир шуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуд