Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Шлезвиг-Ҳолштайни Олмон баррасӣ гардид

Январь 13, 2020 16:21

ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо 9 январ аз устони Шлезвиг-Ҳолштайни Олмони шимолӣ боздид намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот бо Вазири иқтисод, нақлиёт, шуғли аҳолӣ, фанноварӣ ва туризми ин устон Бернд Бухҳолтс роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устонҳои Олмони шимолӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Худи ҳамон рӯз дар Палатаи тиҷорат ва саноати шаҳрҳои Любек ва Киел муаррифии зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистон доир гардид.

Бо дарназардошти қувваи барқи арзон, зарурати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, мавҷудияти қувваи кории кофӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ  ҷонибҳо роҷеъ ба имкони ҷалби дастовардҳои фаннии ширкатҳои олмонӣ ба равандҳои саноатикунонӣ, имкони истифодаи зерсохторҳои мавҷуда ва такмили ихтисос мубодилаи афкор намуданд.

 

Акс аз ВКХ ҶТ

Январь 13, 2020 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд