Филми тоҷикии «Ман бо духтаре вохӯрдам» дар «Ҳафтаи синамои кишварҳои СҲШ» дар Ӯзбекистон ба намоиш гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филми машҳури Рафаэл Перелштейн «Ман бо духтаре вохӯрдам», ки соли 1957 дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст, дар доираи «Ҳафтаи синамои кишварҳои СҲШ» дар Ӯзбекистон намоиш дода мешавад, хабар медиҳад мухбири АМИТ « Ховар» аз Тошканд.
Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон якҷоя бо Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон аз 13 то 20 январ «Ҳафтаи синамои кишварҳои СҲШ»-ро доир мекунанд.
Дар бахши телевизионии «Ретро» дар баробари филми «Ман бо духтаре вохӯрдам», инчунин филмҳои «Роҳ ба сӯи саодат» (Ҳиндустон, 1969), «Гургбача дар байни одамон» (Қазоқистон, 1988), «Охирин иператор» (Чин, 1987), «Себи сурх» (Қирғизистон 1975), «Алвидоъ орузҳои ширин» (Покистон, 1994), «Мо инро нагузаштаем» (Россия, 1957) , «Набарди се шоҳ» (Ӯзбекистон, 1990) намоиш дода мешаванд.
Ҳамаи ин филмҳо, аз ҷумла филми машҳури истеҳсоли «Тоҷикфилм» аз бойгонии Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон пешниҳод гардидаанд.
Ёдовар мешавем, «Ман бо духтаре вохӯрдам» аввалин филми бадеии рангаи тоҷикист, ки дар он ҳунарпешагони машҳури Тоҷикистон ва берун аз он, ҳунарманди халқии ИҶШС Аслӣ Бурҳонов, (Мухтор-ака), Роза Акобирова (Лола), Софя Тӯйбоева (Меҳринисо), Ҷаҳон Саидмуродов (Саид), Абдулхайр Қосимов (Ниёз), ҳамчунин ҳунармандони Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон нақш офаридаанд.










Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид






