ЧӢ, КАЙ, ДАР КУҶО? Соли 2020 – соли муҳим барои варзишгарони Тоҷикистон дар сатҳи мамлакат, минтақа ва ҷаҳон
ДУШАНБЕ, 03.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар сатҳи ҷаҳон, қора ва Тоҷикистон воқеаҳои муҳими варзишӣ баргузор мегарданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақвими чорибиниҳои асосии варзиши сатҳи ҷаҳонӣ, қора ва Тоҷикистонро дар соли 2020 нашр намудааст, ки онро АМИТ «Ховар» пешкаши хонандагон мегардонад.
Бозиҳои маҷмӯии варзишии ҷаҳонӣ
Аз 24 июл то 9 августи соли 2020 ҳамаи чашмҳо ба сӯи Токио дӯхта хоҳанд шуд: пойтахти Япония маротибаи дуюм дар таърих бузургтарин чорабинии варзишӣ – Бозиҳои олимпиро қабул мекунад. Токио соли 1964 мизбони Бозиҳои Олимпӣ буд. Имсол дар пойтахти «Кишвари тулӯи Офтоб» беш аз 10 000 нафар варзишгарон аз 204 давлати дунё ба ҳам меоянд ва аз рӯи 33 намуди варзиш барои 339 маҷмӯи медалҳо қувва месанҷанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои варзишӣ тамоми имкониятҳоро барои варзишгарони тоҷик ҷиҳати дастёб шудан ба ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио муҳайё намудаанд.
Солҳои 2018-2019 дар баъзе мусобиқоти интихобии олимпӣ бахт ба рӯи варзишгарони мо нахандид. Акнун соли 2020 барои варзишгарон ва масъулони соҳа соли муҳим мебошад. Инро ба назар гирифта, бо истифода аз таҷрибаи соли 2019 Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияҳои варзишӣ нақшаҳои сеҷонибаи маблағгузории дастаҳои мунтахабро таҳия намуда, ба имзо мерасонанд. Дар асоси ин санад варзишгарон аз аввали сол медонанд, ки давоми сол дар кадом мусобиқаҳо иштирок карда, дар куҷо ба тамрин машғул мешаванд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, дар ин самт хароҷоти беш аз чор миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки қисми зиёдаш аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ҷудо мегардад. Тибқи нишондиҳандаҳо, варзишгарони мо дар намудҳои дзюдо, бокс, гӯштин, варзиши сабук, қаиқронӣ имкони соҳиб шудан ба роҳхати олимпиро доранд.
Дзюдочиёни мо аллакай 10 январ ба сафар мебароянд. Онҳо дар Германия ба ҷамъомади тамринию таълимӣ фаро гирифта шуда, 23-25 январ дар Гран Прии Тел Авив (Исроил), 8-9 феврал дар Гранд Слами Париж (Франсия), 21-23 феврал дар Гранд Слами Дюсселдорф (Германия) ва 6-8 март дар Гран Прии Роббот (Марокаш) иштирок карда, сипас ба Ватан бармегарданд. Пасон паҳлавонони мо барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии олимпӣ 13-15 март дар Гранд Слами Екатеринбург (Россия), 27-29 март дар Гран Прии Тбилиси (Гурҷистон), 3-5 апрел дар Гран Прии Анталия (Туркия), 17-19 апрел дар Чемпионати Осиё/Уқёнус дар Муғулистон, 8-10 май дар Гранд Слами Боку (Озарбойҷон) ва 28-30 май дар мусобиқаи ситораҳои дзюдо дар Давҳаи Қатар ширкат менамоянд. 1 июн Федератсияи байналмилалии дзюдо раддабандии олимпиро нашр мекунад, ки дар асоси он 22 нафари ҳар вазн имкони иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо менамоянд.
Дастаи мунтахаби бокси ҷумҳурӣ барои роҳхатҳои олимпӣ дар ду мусобиқа талош менамояд: мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус, ки 3-14 феврал дар шаҳри Вуҳани Чин доир мегардад ва мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ, ки 13-20 май дар Парижи Франсия ба нақша гирифта шудааст. Мусобиқаҳоро гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ мегузаронад. Дар сабқати қоравии мардон шаш ҷойи аввали вазнҳои 52, 57, 63 кг ва вазни 51 кг-и бонувон, 5 ҷойи аввали вазнҳои 69, 75, 81 кг-и мардон ва 4 ҷойи аввали вазнҳои 91, +91 кг-и мардон ва 57, 60, 69, 75 кг-и бонувон ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунанд. Дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобӣ низ вобаста ба вазнҳо варзишгароне, ки ҷойҳои аз 3 то 5-умро ишғол менамоянд, соҳиби роҳхат мешаванд.
Гӯштингиронамон дар равияҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ низ дар ду мусобиқа – қоравӣ (27-29 март дар Сиани Чин) ва ҷаҳонӣ (30.04-3.05 дар Софиаи Булғористон) имкони ба даст овардани роҳхати олимпӣ доранд. Гуфтан зарур аст, ки варзишгароне, ки моҳи сентябри соли 2019 дар Чемпионати ҷаҳон соҳиби роҳхат шуданд, ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои интихобиро надоранд. Варзишгари маъруф Зелимхон Юсуфов, ки соли 2015 барои истифодаи допинг ҷазо гирифта буд, акнун имкон дорад дар мусобиқаҳо иштирок карда, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпӣ талош кунад.
Қаиқрони маъруфи ҷумҳурӣ Шаҳриёр Даминов барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио ду имконият дорад: мусобиқаи интихобии Осиё (26-29 март дар Патайаи Тайланд), мусобиқаи ҷаҳонии интихобӣ (21-24 май дар Дуисбурги Германия).
Дар варзиши сабук ҳамаи мусобиқаҳо, ҳатто Чемпионати Тоҷикистон интихобӣ маҳсуб меёбанд, фақат меъёри муқарраркардаи Ташкилоти варзиши сабуки ҷаҳониро иҷро кардан зарур аст. Ҳамчунин тавассути раддабандии ҷаҳонӣ варзишгарон роҳхати олимпиро сазовор мешаванд.
Пас аз чанд аз рӯз – 9 январ дар Лозаннаи Швейтсария Бозиҳои олимпии зимистонаи наврасон шурӯъ мегарданд. Қариб 2000 варзишгари ҷавон аз 70 давлати дунё то 22 январ аз рӯи 8 намуди варзиш барои 81 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.
13-19 сентябр пойтахти Муғулистон – шаҳри Уланбатор аввалин Бозиҳои сабз миёни ҷавононро қабул мекунад. Бозиҳо бо сарпарастии UNESCO аз рӯи 19 намуди варзиш доир мегардад. Дар он варзишгарони 195 давлати узви ин созмон ширкат хоҳанд кард.
Чорабиниҳои варзишии қоравӣ ва минтақавӣ
Дар анҷоми сол – аз 28 ноябр то 6 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Санйаи Чин 6-умин Бозиҳои соҳилии Осиё ба нақша гирифта шудаанд. Ба барномаи бозиҳо 17 намуди варзиш — баскетболи соҳилӣ (3х3), акватлон (шиноварӣ ва дав), варзиши сабук, варзишҳо дар об (тӯббозӣ дар об, марафони кушоди шиноварӣ, шиноварӣ), волейболи соҳилӣ, вудболи соҳилӣ, гӯштини соҳилӣ, заврақронӣ, кабаддии соҳилӣ, катерронӣ дар об, қаиқи дракон, мавҷбозӣ (кайтсерфинг, виндсерфинг), параплан, теқбол, футболи соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, шӯхпаймоӣ – ворид гардидаанд. Варзишгарони мо дар намудҳои баскетбол, шиноварӣ, варзиши сабук, акватлон, волейболи соҳилӣ, гӯштини соҳилӣ, футболи соҳилӣ имкони иштирок дар бозиҳоро доранд.
Ҳамчунин имсол аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешаванд. Мизбонии чорабиниро аз 20 то 27 август шаҳри Қазони Россия ба уҳда гирифтааст. Дар бозиҳо дастаҳои мунтахаби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина иштирок хоҳанд кард.
Ба барномаи мусобиқот 19 намуди варзиш, мисли дзюдо, самбо, волейболи соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, футзал, бокс, бокси тайландӣ, шоҳмот, рақси варзишӣ, шамшербозӣ, каратэ, варзиши сангбардорӣ, армрестлинг (дастхобонӣ), мас-реслинг, гӯштини озод, гӯштии юнонӣ-румӣ, гӯштини камарбандӣ, варзиши сабук ва баскетбол (3×3) дохил карда шудаанд.
Соли 2020 дастаи мунтахаби футзали мамлакат ва дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ва то 19-солаи мамлакат оид ба футбол дар чемпионатҳои Осиё-2020 ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби футболи мамлакат барои роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2022 бозиҳояшро дар 3 даври боқимонда идома медиҳад, ки ду бозӣ муқобили дастаҳои Муғулистон (26 март) ва Мянмар (9 июн) дар Душанбе доир мегарданд. Як бозии дигари дастаи миллии мамлакат дар сафар муқобили Япония (4 июн) баргузор мешавад.
Дар Тоҷикистон
Соли 2020 дар Тоҷикистон Маҷмааи варзишии универсалӣ дар рӯ ба рӯи Боғи фарҳангу фароғатии Умари Хайём (Лучоб) ба истифода дода хоҳад шуд. Маҷмааи варзишӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шуда, дорои ҳавзҳои шиноварии пӯшида, нимпӯшида ва кортҳои теннис мебошад.
Чун анъана 18 апрел Ниммарафони байналмилалии Душанбе, аввали моҳи сентябр Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон ва аввали моҳи октябр Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо доир хоҳанд шуд. Баргузории Дави миллӣ дар таърихи 17 май, дав ва марафони велосипедронӣ ба ифтихори Наврӯз ва чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи олимпӣ 23 июн дар назар аст.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз бойгонии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон