«ХЕЗ, ТО ҶАШНИ САДА БАРПО КУНЕМ!..». Хабарнигори АМИТ «Ховар» сарчашмаи пайдоиш ва суннатҳои ин идро дар ашъори шоирони классику муосир ҷӯё шуд

Январь 30, 2020 13:49

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашнҳои Ялдо, Сада ва Наврӯзу Меҳргон таърихи дуру дароз доранд. Сарчашмаи пайдоиши онҳо ба зиндагии ҳаррӯза, ҳар ҳафта, ҳармоҳа ва ҳарсолаи мардум пайваст буда, дар асл ҳисоби замони кишту кору чорводориро фаро мегиранд. Яъне одамони замони қадим чор унсури зиндагӣ- об, ҳаво, хок, оташро гиромӣ медоштанд. Яке аз онҳо- оташ, ҳамчунин хуршеду равшании он барои рӯзгузаронии мардум бисёр муҳим буд. Ҳамаи ин ҷашнҳо аз устура, шеър ва ривоятҳои гузаштагон сарчашма гирифтаанд.      

Хабарнигори АМИТ «Ховар» сарчашмаи пайдоиши ҷашни Сада ва суннатҳои онро дар ашъори шоирони классику муосири тоҷик  ҷӯё шуд.

Тавре дар сарчашмаҳо омадааст, яке аз суннатҳои Сада- ин дастурхони ҷашнист. Тибқи оини аҷдодӣ,  дар ин ҷашн бештари донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин ғизо  — мошкичирӣ, лӯбию нахудшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширруған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра омода мегардиданд. Ғизоҳои ҷашнӣ, ба мисли қурутоб, умоч, далда, кашк дар ин рӯз муҳим ба ҳисоб мераванд, зеро аз рӯи миҷоз гарманд. Ҳамзамон хони ҷашниро бо чапотӣ, кулча, фатир, қалама, орзуқ ва себ, тарбузу ангур оро медиҳанд.

Тибқи нигоштаи Абурайҳони Берунӣ, мардум ба муносибати «аз дӯзах ба рӯйи олам баромадани зимистон» оташ афрӯхта, Садаро ҷашн мегирифтанд, хушбӯиҳо бухор мекарданд, то аз сармои зимистон ба инсонҳо зиёне нарасад. Яке аз вижагиҳои ҷашни Сада ба таври дастаҷамъӣ ё ҳашар анҷом додани корҳо мебошад. Дар гузашта аз рӯйи анъана барои ҷашн ҳезум ва хору хошокро дастаҷамъона гирд меоварданд, то зудтар оташ афрӯхта, қувваҳои аҳриманиро заифу нобуд созанд ва ҷашнро хушу хурсандона таҷлил намоянд.

Донишманди машҳури англис Ҷеймс Ҷорҷ Фрэзер (1854-1941) дар бахшҳои ҷудогонаи яке аз китобҳои машҳури худ таҳти унвони «Шохаи тиллоӣ» ба таври муфассал дар бораи эҳтироми мардум ба оташ ва ҷашни оташ дар кишварҳои аврупоӣ ва дигар мамлакатҳо сухан мегӯяд. Дар баробари ин чӣ гуна бо рӯзгори мардум пайванд будани оташро шарҳ дода, ҷойгоҳи муҳим доштани онро дар ҳаёти моддию маънавии одамон равшан месозад. Зимнан чун намоди ҷашнӣ ба кор рафтани оташро низ таъкид намуда, ишорат бар он менамояд, ки оташ ин як навъ инъикоси рамзии Хуршед аз ҷониби одамон дар рӯи замин аст (Фрэзер Дж. Золотая ветвь. Т.2. М., 2001, с.312-378).

Ба назари мантиқии А Кристенсен, М.Баҳор ва дигарон, Сада наздик шудан ба Наврӯз ва аз зимистони бузург гузаштанро ифода менамояд. Тибқи гуфтаи онҳо, Сада ба рамзҳои оташ, Хуршед ва рӯшноиву торикӣ иртибот буданро дар худ таҷаллӣ менамояд ва хоси эътиқодоти одамони пешин буда, дар он ормонҳои ибтидоии гузаштагон ниҳон мебошад.

Барои он ки хонандагони гиромӣ асли матлабро дарк намоянд, ба чанде аз устураҳои машҳур муроҷиат менамоем, ки дар он аз ҷашни Сада ёдовар шудаанд.

  1. «Ҳушанг оташро кашф менамояд». Ҳушанг санге ба сӯи мор мепартояд. Санг бар санг бархӯрда, оташ падидор мегардад. Падид омадани оташро ҷашн гирифтанд ва онро Сада номиданд.
  2. «Адади фарзандони Одам». Мегӯянд Каюмарс, яъне Одам, ки нахустин инсон буд, сад фарзанд дошт. Панҷоҳ нафари онҳо аз ҷинси зан ва панҷоҳи дигар аз ҷинси мард. Замоне, ки онҳо ба балоғат расиданд, он рӯзро ҷашн гирифтанд.
  3. Ҷамъи Машӣ, Машёна ва фарзандони онон, ки ба сад мерасад ва онро ҷашн мегиранд ва онро Сада ном мениҳанд.
  4. «Шаби пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок». Аз ҷумла, Берунӣ ин матлабро дар «Аттафҳим» ва бахусус дар «Осор-ул-боқия» муфассалтар баён менамояд. Дар «Наврӯзномаи Хайём» низ он ёдоварӣ шудааст. Яъне наҷот ёфтан аз сад тан морони Заҳҳок аст.
  5. Вазири Заҳҳок, ҳар рӯз бояд ду танро кушта, мағзашонро ба морони дӯшҳои Заҳҳок медод, вале ӯ якеро наҷот мебахшид. Чун Фаридун бар Заҳҳок пирӯз шуд, теъдоди ин озодшудагон ба сад расид. Вазир Фаридунро аз ин воқеа хабардор намуд. Он сад тан дар шаб, дар ҳузури бозрасони Фаридун, ҳар як оташе ҷудогона дар кӯҳистон афрӯхтанд. Ба эътибори сад тан будани онон ҷашни Сада барпо шуд.
  6. Садаро ёдбуди пирӯзии Таҳмосб бар Афросиёб низ медонанд.
  7. Чун бо гузашти сад рӯз аз зимистони бузург сармо ба поёни авҷи худ мерасад ва пасон суст мешавад, ба шодии ин сустӣ, ниёкони мо ҷашни Садаро барпо медоштанд.
  8. Мегӯянд, ки аз ҷашни Сада то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз дар пеш аст, ки маҷмӯан теъдоди шабу рӯз сад мешавад. Ба ин сабаб ҷашни Садаро панҷоҳ рӯз то ба Наврӯз мондан ҷашн мегирифтанд.
  9. Аз рӯзи Сада то рӯзи гирдоварии ғалла дар навоҳеи ҷанубии Ориёнзамин як сад рӯз фосила аст, ки ба ин сабаб ин ҷашнро Сада номидаанд.

Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём омадааст, ки Афридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигрифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».

Манчеҳрии  Домғонӣ бо чунин мисраъҳо вафси Сада намудааст:

Омад, эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,

Шаби ҷашни  Садаро ҳурмати бисёр бувад.

Оташе бояд чунон, ки фарози аламаш,

Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.

Май хӯр, эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,

Бода  хӯрдан,  бале,  аз одати аҳрор бувад.

Ин буд, ки бо гузашти замон дар бораи Сада устура ва ривоятҳои зиёде вобаста ба вожаи сад, партоб кардани санг ба мори сиёҳ аз ҷониби Ҳушанг, ба Заҳҳок пирӯз омадани Фаридун ва амсоли ин ба вуҷуд омаданд. Дар ин бора Фирдавсӣ, Берунӣ, Байҳақӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фарурухӣ, Низомӣ ва дигарон ёдовар шудаанд.

Ҳамин буд, ки пас аз Истиқлоли Тоҷикистон дар канори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ба эҳёи ҷашни Сада чун ҷашни пайванди инсон ва табиат таваҷҷуҳ зиёд шуд. Дар Паёми Пешвои миллат (26 декабри соли 2018) чунин омадааст: «Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд».

Ҳамчунин оид ба ҷашни Сада имрӯзҳо аз ҷониби адибону олимони тоҷик низ мақолаҳо, шеърҳо ва китобҳо нашр гардида истодаанд. Ҳоло шоирони тоҷик дар бораи Сада шеърҳо мегӯянд ва сарояндагон онҳоро бо оҳанг месароянд. Яке аз шеърҳое, ки ба ҷашни Сада бахшида шудааст, шеъри Гулназар Келдӣ  мебошад:

Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,

Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.

Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,

Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз!

Муҳаммад Ғоиб  бо ин мисраъҳо ҷашни ниёгонамонро пос доштааст:

Ин оташ аз худафрӯзӣ нишон аст,

Ки онро рағми зулмат офариданд.

Зи нураш карда равшан хонаи дил,

Шарарҳои муҳаббат офариданд.

Ин оташ аз худафрӯзӣ нишон аст,

Барад бар кӯйи шаб аз рӯз пайғом.

Чароғи рӯзафрӯзе набошад,

Надорад субҳи козиб фарқ аз шом.

Ин оташ аз худафрӯзӣ нишон аст,

Ҳадиси нур бошад анҷуманро.

Фурӯғи навбаҳори ҷовидон аст,

Зимистон мурда месозад баданро.

Ин оташ аз худафрӯзӣ нишон аст,

Кушояд роҳ бар гармии оғӯш.

Гули наврӯз аз он осор дорад,

Аз он бошад хати зарди сияҳгӯш.

Ин оташ аз худафрӯзӣ нишон аст,

Шавад бадхоҳ аз дудаш нафастанг.

Зи шамси сулҳҷӯён нур дорад,

Ба рағми оташи пурлахчаи ҷанг.

Ин оташ аз худафрӯзӣ нишон аст,

Фурӯзонтар шуд он дар аҳди Ҷамшед.

Ба даври мо ба Роғун зинда гашта,

Ба ҳар дар мерасонад нури уммед…

Ин оташ аз худафрӯзӣ нишон аст,

Замину осмонро мекунад гарм.

Ин оташ баҳри Наврӯзи ҷаҳонӣ

Дили халқи ҷаҳонро мекунад гарм…

Алимуҳаммад Муродӣ чунин васфи Сада намудааст:

Аз Ҳушанг омад ба мо ҷашни Сада,

Ҷашни шоҳони Хуросони бузург.

Оташе, ки дар Сада рӯшан шавад,

Ҳаст рамзи рӯҳи мардони бузург.

Хез, то ҷашни Сада барпо кунем,

Расми аҷдодии худ эҳё кунем!

 Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2020 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Доир ба иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон осори қадимии таърихии 150-ҳазорсола дарёфт гардид
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲОМИИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонону забоншиносон доир шуд