ХУШКМЕВАИ ТОҶИКИСТОН – ДАР БОЗОРИ АМРИКО! Онро корхонаи консервабарории «Субҳи Ватан» содирот менамояд
ДУШАНБЕ, 13.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Корхонаи консервабарории «Субҳи Ватан»-и шаҳри Исфара тасмим гирифтааст, ки дар соли 2020 намудҳои гуногуни хушкмева, афшураҳои зардолу, олу, шафтолу ва помидорро, ки бо сифати баланд бастубанд шудаанд, дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико содирот намояд. Маҳсулоти ин ширкати Тоҷикистонро инчунин дар соли 2020 харидорон аз кишварҳои Туркия, Литва ва Қазоқистон дархост кардаанд.
Корхонаи консервабарории «Субҳи Ватан», ки соли 2013 таъсис дода шудааст, узви Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корхонаи консервабарории «Субҳи Ватан» маҳсулоти худро бо бренди «Ширин» истеҳсол менамояд.
Мавриди зикр аст, ки ҶДММ «Субҳи Ватан» маҳсулоти худро асосан то соли 2019 ба Россия ва Қазоқистон содирот менамуд. Дар асоси дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкорони ватанӣ ва содироткунандагон, роҳбарияти ҶДММ «Субҳи Ватан» фаъолияташро тақвият дода, дар соли 2019 намудҳои гуногуни себи хушккардашударо ба Олмон содирот намуд, инчунин бори аввал маҳсулотҳои ин корхона ба монанди анзур, ғураоб ва барги ток ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ содирот карда шуд. Соли гузашта аз ҷониби ин ширкат ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо — 60 тонна ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — 22 тонна маҳсулот содирот гардидааст.
Роҳбарияти корхонаи «Субҳи Ватан» тасмим дорад, ки дар соли 2020 иқтидори истеҳсолии корхонаро дар як сол ба панҷ миллион қуттии шартӣ расонад.
Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ оид ба афзун гардонидани содироти молу маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза зикр гардида буд, тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар ин росто, дар асоси дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати афзун намудани содироти молу маҳсулот аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону корхонаҳои истеҳсолӣ бо мақсади рушди содирот ва бемонеа роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад.

















Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Исфара шинос гардид
Рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ гардид
АФЗОИШИ ИЗОФАНАВИСИИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚ БА СУРАТҲИСОБИ МУШТАРИЁН. Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар ин хусус иттилоъ медиҳад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
Ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байналмилалии ҳалли бастубанд барои саноати хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар самти рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Абузабӣ оид ба рушд Созишномаи молиявӣ ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба 2147 шахси воқеию хуқуқӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт гардид






