Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар «FITUR»-и Испания ба намоиш гузошта шуданд

Январь 27, 2020 14:02

ДУШАНБЕ, 27.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, назири «Ориент Адвентур», «Куҳандиз» ва «Саёҳати Саразм» дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии тиҷоратии «FITUR»-и Испания, ки аз 22 то 26 январ дар Мадрид зери шиори «Роҳи Абрешим дар Осиёи Мазказӣ» доир гардид, иштирок намуда, захираю имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро  муаррифӣ намуданд.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки намоишгоҳи Мадрид яке аз намоишгоҳҳои калонтарин барои воридшавӣ ба бозори Амрикои Лотинӣ маҳсуб мешавад. Намоишгоҳи мазкур беш аз 30 сол аст, ки ҳамчун як платформаи коммуникатсионии глобалӣ барои таҳияи стратегияҳои оянда бо назардошти тағйирёбии талаботи истеъмолкунандагон ва чун қоида барои пешбурди тиҷорати туристӣ хизмат мерасонад. Дар намоишгоҳи мазкур агентиҳои сайёҳӣ, ассотсиатсияҳои сайёҳӣ, ширкатҳои намоишӣ, меҳмонон ва табақаҳои оммавӣ ширкат намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо дарназардошти захираҳои бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистонро ба барномаи «Тарғиби мероси таърихии давлатҳои Шоҳроҳи Абрешим» шомил намудаанд. Иштирок дар ин барнома имкон медиҳад, ки иншооти таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеъҳои сайёҳӣ муаррифӣ шаванд.

Ҳамчунин самаранок истифода намудани чор пайроҳаи таърихии Шоҳроҳи Абрешим, ки аз Тоҷикистон мегузаранд, ҳамчун бренди сайёҳии мамлакат баҳри ташрифи бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дар қалби Осиё ҷойгир аст, ҷумҳурии мо метавонад ҳамчун давлати транзитӣ барои сайёҳони кишварҳои Аврупо, Осиёи Ҷанубӣ ва минтақаҳои Уқёнуси Ором истифода шавад. Аз ин сабаб, сиёсати «Осмони кушод» дар Тоҷикистон манфиати бештар меорад.

Январь 27, 2020 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад