Иштироки Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар ҷаласаи Шӯрои Амният

Январь 13, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадаминов 10 январ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ дар мавзӯи «Посдории Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмилалӣ» суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

М. Маҳмадаминов бо баёни мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳдиду чолишҳои замони муосир аз ҳама ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати ҳаллу фасли мусолиҳатомези низоъҳои тӯлонӣ ва мавҷуда дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, ба вежа дар Ховари Миёна даъват ба амал овард.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо ишора ба зарурати амалҳои ҳамоҳангшуда ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавии кишварҳои узви СММ ба ҷойгоҳи хоси меъёр ва принсипҳои Оинномаи СММ дар муносибатҳои байналмилалӣ таъкид кард.

 

Акс аз ВКХ ҶТ

Январь 13, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд