Изҳороти маркази матбуотии ҚС КДАМ ҶТ

Январь 11, 2020 19:30

ДУШАНБЕ, 11.01.2020. /АМИТ “Ховар”/. Маркази матбуотии ҚС КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки ду рӯзи охир бинобар аз ҷониби шаҳрвандони алоҳидаи қирғиз содир намудани ҳаракатҳои пайдарҳами ғайриқонунӣ вазъият дар сарҳади ҶҚ мураккаб арзёбӣ мешавад.  Чунончи, рӯзи 10-уми январи соли 2020, соати 17:15 дақиқа, сокини маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканди ҶҚНарзиев Сайдалӣ аз боми манзили истиқоматии худ   санг партофта, тирезаи нонвойхонаи маҳаллаи Сомониёнро шикастааст.

Соатҳои 00:30 то 00:50 дақиқаи шаби 11-уми январи соли 2020 сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи н.Боткени ҶҚ, бо мақсади тарсонидани сокинони маҳаллаи Сомониёни ш.Исфара, аз силоҳи шикорӣ қариб 15 маротиба ба ҳаво тир холӣ карданд. Ҳамзамон, соати 01:50 дақиқа гурӯҳи сокинони маҳаллаи Коктоши ҶҚ манзили истиқоматии сокини маҳаллаи Сомониён Насриддинов Давлатбой Ҳасанбоевичро сангборон намуда, аз яроқи шикорӣ ба дарвозаи ӯ тир холӣ карданд. Бо дахолати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сарҳадбонони ҳарду ҷониб, амалҳои иғвогаронаи сокинони маҳаллаи Коктош сари вақт қатъ карда шуд. Ҷониби қирғиз ба ин нигоҳ накарда  аз соати 02:20 дақиқа аз силоҳи шикорӣ 7 маротиба ва аз соати 05:00 то соати 06:30 дақиқаи 11-уми январи соли 2020 аз силоҳи оташфишони автомати Калашников қариб 9 маротиба ба ҳаво тир холӣ карданд.

11.01.2020 сол соати 14:00 дақиқа сокини деҳаи Муъминободи ҷамоати деҳоти Чоркўҳи шаҳри Исфара Аҷобиддинзода Фарҳодҷон соли таваллудаш 1992, бо автомашинаи тамғаи “Портер” рақами қайди давлатиаш 2583 ДО 02 аз байни деҳаи Коктоши ҷамоти деҳоти Оқсой ЧК ба самти деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркўҳи ЧТ харакат мекунад, ки дар он ҷо низомиён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ҷамъ шуда буданд. Сокинони деҳаи Коктош Исмаилов Ҳадятулло Султонович, соли таваллудаш 1997, Бердиев Зандӣ Хуморович, соли таваллудаш 1966 ва Иломов Ҳасан Ҳанибекович, соли таваллудаш 1987 ва 14-15 нафари дигар дар якҷоягӣ бо  сарҳадбонон ва милитсияи қирғиз автомашинаи ўро иҳота намуда, бо санг шишаи пеш ва дари тарафи ронандаро  шикаста, Аҷобиддинзода Фарҳодҷонро  сангборон  кардаанд. Дар асари ин сангпартоӣ ў  зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Соати 15:10  дақиқа, гурӯҳи мазкур микроавтобуси тамғаи “Спринтер”, рақами қайди давлатиаш 8500 ТТ 02-ро, ки ба сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Юсупов Яъкуб тааллуқ дорад, сангборон намуданд.

Боиси нигаронӣ аст, ки вақтҳои охир шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон, бо истифодаи ярок ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.

Айни замон тирпарронӣ қатъ гардида, вазъият дар минтақа таҳти назорат қарор дорад.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ

Январь 11, 2020 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад