Кормандони милитсияи Хатлон бо ҷавонон масъалаи пешгирии ҳуқуқвайронкунию ҷинояткориро баррасӣ карданд

Январь 31, 2020 09:37

ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохӯрии сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД,  полковники милитсия Мансур Бухоризода бо ҳайати шахсии Раёсати мазкур, сардорони шуъбачаҳои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷавонони фаъол баргузор гардид. Дар вохӯрӣ вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, масъалаҳои ҷалб гардидани баъзе шахсони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи худшиносӣ, зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ дар замони муосир ва  пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ байни ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин бора  аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар вохӯрӣ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон,  генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода иброз дошт, ки  нигоҳ доштани субот дар ҷомеа ва пешгирии  ҷинояткорӣ на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки  рисолати аҳли ҷомеа аст.

Номбурда таъкид намуд, бахусус ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат мебошанд, бояд дар ҳамкорӣ бо милитсия  дар  таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷиноятҳо пешсаф бошанд.  «Мо бояд барои нигоҳ доштани дастовардҳои беназири мамлакат – сулҳу ваҳдати миллӣ, ки   маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳамчунин ҷиҳати таҳкими Истиқлолияти давлатӣ  бо дарки баланди масъулият  фаъолият намуда,  ба  халқу Ватан содиқона  хизмат намоем»,-  афзуд номбурда.

Сипас сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД,  полковники милитсия Мансур Бухоризода зикр кард, ки дар  фаъолияти милитсия алоқамандӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нақши ниҳоят муҳим  дорад.

Мавсуф таъкид кард, ки аз ҷониби роҳбарияти ВКД нафароне, ки саҳми худро дар пешгирии  ҷинояткорӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа мегузоранд,  ба кормандони милитсия кумак мерасонанд, пайваста қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар  вохӯрӣ маърӯзакунандагон доир ба  содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили терроризму экстремизм, оворагардӣ, дуздиву ғоратгарӣ, махсусан бемасъулиятии баъзе аз волидайн ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд бо овардани далелу рақамҳо ибрози андеша карданд.

Аз ҷумла, зикр шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  ҳашт сол ­қабл бо ташаббуси Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва қабул гардид. Ҳадаф аз он пешгирии ҷинояткориву бадахлоқӣ дар байни кӯдакону наврасон, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия ва масъулияти волидайн дар ин самт аст.

Тавре Пешвои миллат иброз дошта буданд, «мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон  бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ  ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд.

Зимни ибрози андеша, гуфта шуд, ки то қабули қонуни мазкур   баъзе аз волидайн  ҳатто намедонистанд, ки фарзандони онҳо ба мактаб мераванд ё не. Вақти холигиро дар куҷо, бо киҳо мегузаронанд ва чӣ гуна ахлоқ, одобу таҳсил доранд. Ин ҳамаро  кори мактабу омӯзгорон медонистанд.  Фарзандони онҳо то нисфи шаб дар интернет-кафеҳо ба бозиҳои гуногуне, ки ба тарбияи онҳо таъсири бад мерасонид, машғул мешуданд, ки дар натиҷа  миёни онҳо низоъ ва занозанӣ сар мезад. Шабҳо дар кӯчаҳо овора гаштани кӯдакон зиёд ба назар мерасид.  Аксари  волидайн ба маҷлиси падару модарони фарзандон намеомаданд. Натиҷаи беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии  баъзе аз  падару модарон  он шуд, ки   фарзандони онҳо  ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ  шомил шуда, ҳаёти худро зери хатар гузошта, ба оила иснод оварданд.

Қабули қонун, хушбахтона, он ҳама бетартибиро аз байн бурд. Падару модарон ҳам дарк намуданд, ки онҳо дар баробари мактаб ва омӯзгорон дар таълиму тарбияи фарзандон бояд масъулият эҳсос намоянд. Таҷриба низ нишон медиҳад, ки танҳо ҳамон кӯдаконе ба таҳсил эътибори ҷиддӣ дода, соҳиби ахлоқ ва дониши хуб мегарданд, ки зери назорату раҳнамоии ҳамешагии ҳам мактаб ва ҳам волидайн қарор доранд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ якчанд нафар ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон аз саҳму дастгирӣ  дар баргузории чорабиниҳо байни ҷавонон, мулоқотҳои судманд зимни сафарҳои гурӯҳи ҷавонон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РВКД дар вилояти Хатлон миннатдорӣ намуданд.

Январь 31, 2020 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Дар Ереван ҷаласаи 34-уми прокуророни генералии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Дар Хуҷанд машварати дуюми дуҷонибаи котиботи Шурои амнияти Тоҷикистон ва Узбекистон доир гардид
Дар Ереван прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Арманистон тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Душанбе вобаста ба самти нотариат конфронси байналмилалӣ доир шуд
Ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ бо амри дил азми хизмат ба Ватани соҳибистиқлол намуданд
Дар Хатлон марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2024» оғоз шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. 2200 нафар ҷавонони ватандӯсти вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ноҳияи Файзобод бо ҷавонони ватандӯсти худ ифтихор дорад
ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН МАРДОНАГИСТ! Беш аз 300 ҷавон аз шаҳри Турсунзода ба сафи Артиши миллӣ шомил гаштанд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ! Ҷавонони далери ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ барои иҷрои рисолати ҷавонмардӣ ба ҳифзи Ватан гусел карда шуданд