МӮДИ ТОҶИКӢ – ДАР САҲНАИ ПАРИЖ! Тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова сазовори мукофоти ЮНЕСКО гардид
ДУШАНБЕ, 23.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова бо коллексияи «Наврӯз»-и худ зери бренди ZHIWJ соҳиби ҷоизаи ЮНЕСКО оид ба дизайн гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» намояндаи ширкати «Tajikistan Fashion Week» (Ҳафтаи мӯд дар Тоҷикистон) иттилоъ дод, аз 19 то 20 январ дар шаҳри Париж намоиши мӯди «Oriental Fashion Paris -2020» баргузор гардид, ки дар он тарроҳи тоҷик ба дарёфти мукофоти ЮНЕСКО шарафёб шуд. Нафиса Имронова бо пешниҳод ва дастгирии роҳбари ширкат Тоҳир Иброҳимов дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок намуд.
Бино ба иттилои манбаъ, намоишгоҳи байналмилалӣ тӯли се рӯз идома ёфт. Бори аввал дар таърихи мӯди Тоҷикистон бренди ZHIWJ аз ҷониби Нафиса Имронова дар намоишгоҳи мӯди шарқӣ дар пойтахти Франсия муаррифӣ гардид. Дар ин намоишгоҳ Нафиса коллексияи нави наврӯзии худро, ки тамоми таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷикро ифода менамояд, нишон дод.
Мавриди зикр аст, ки аз 13 то 15 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон (TFW) баргузор гардида буд.. Дар он тарроҳони мӯд аз 7 давлат- Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Италия ва Франсия коллексияҳои либосҳои баҳорӣ ва тобистонии худро пешниҳод намуданд. Аз Тоҷикистон Мавлуда Ҳамроева ва Нафиса Имронова коллексияҳои либосҳои худро бо нақшу нигори тоҷикона пешиниҳод намуданд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазироӣ гардид.
Дар Париж ҳамчунин намояндаи дигари давлати мо- директори Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон Тоҳир Иброҳимов сазовори мукофоти ЮНЕСКО гардид.
Қобили зикр аст, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ вазъ ва сатҳи корҳои тарроҳон хеле хуб ҷараён дорад. Инчунин дар баробари пешравӣ дар мӯди муосир анъанаҳои фарҳангии мардуми тоҷик эҳё гардида истодаанд. Имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан тарроҳони кишварҳои дигар тарҳ ва нақшу нигори миллии мо эътироф ва қадрдонӣ гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Нафиса Имронова аз намоишгоҳи мӯди Париж 24 январ ба Тоҷикистон бармегардад.











ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд






