Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон

Январь 29, 2020 11:08

ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи баргузории Конфронси «Осиёи Марказии сабз» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо сатҳи ҳамкории ду кишварро қаноатбахш арзёбӣ намуда, роҷеъ ба вазъи амниятӣ дар минтақа мубодилаи афкор анҷом доданд.

Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки иншооти гидроэнергетикӣ ва корхонаҳои маҳсулоти сохтмонӣ дар Тоҷикистон заминаҳои хуби тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳои ҳамсоя ба ҳисоб мераванд.

Бояд  тазаккур дод, ки дар ташаббуси «Раванди Берлин. Осиёи Марказии сабз» дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон Афғонистон низ иштирок мекунад.

Акс аз ҷараёни Конфронси «Осиёи Марказии сабз»дар Берлин. Акс аз ВКХ ҶТ

Январь 29, 2020 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд