Музаффар Ҳусейнзода дар Рим як зумра мулоқоти судманд анҷом дод

Январь 30, 2020 09:55

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода 29 январ дар Рим як зумра  мулоқоти судманд анҷом дод, хабар медҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

29 январ мулоқоти Музаффар Ҳусейнзода бо муовини мудири иҷроияи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Амир Абдуллоҳ баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар бораи тақвияти ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидори муассисаҳои соҳавӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ ва мудирияти об, истифодаи неруи хуршедӣ дар соҳаи кишоварзӣ, коҳиши пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин 29 январ дар Рим вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Ноиби ректор оид ба масъалаҳои байналмилалии Донишгоҳи Сапиенза Бруно Ботта баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои илмиву гуманитарӣ миёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур, аз ҷумла ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯён аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаҳои кишварӣ ва Иттиҳоди Аврупо, мубодилаи академикӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталифро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аксҳо аз ВКХ ҶТ

Январь 30, 2020 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд